Gazprom july 2025
Дар деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент мактаби нав сохта мешавад
82

Дар деҳаи Деваштичи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент барои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 бинои нав бунёд карда мешавад.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, бинои собиқи таълимгоҳ, ки имкони фарогирии беш аз 570 хонандаро аз ин деҳаи наздишаҳрӣ надошт, бо дастгирии МИҲД, сармоягузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва шарикони рушд сохта мешавад.

Тибқи лоиҳа бино аз ду ошёна, 10 синфхонаи барҳаво, толори ҷамъомад, синфхонаи махсуси технологияи иттиллотӣ иборат буда, дар ду баст 480 хонандаро фаро мегирад.

Ҳоло бинокорони ҶДММ «Гулгун» бо ҷалби техникаи зарурӣ ба гузоштани таҳкурсии бино машғуланд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД