Дар ДДОТ Маркази забони кореягӣ ифтитоҳ ёфт
67

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази забони кореягии Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.

Ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ арзёбӣ гардида, донишҷӯёни тоҷик тавассути ин марказ имконияти беҳтари омӯзиши забони кореягӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги Кореяро пайдо менамоянд.

Ҳамкории донишгоҳӣ байни Тоҷикистону Корея на танҳо ба такмили малакаҳои забонӣ мусоидат мекунад, балки робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангиро байни ду миллат таҳким мебахшад.

Ҳамзамон Маркази байналмилалии ҳамкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Ҷонбук ба фаъолият оғоз кард. Ин марказҳо бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ таъсис дода шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД