Дар давраи Рамазон лимит кам карда шуда, барқ ба мардум бештар дода мешавад
176

Дар моҳи шарифи Рамазон лимит кам карда шуда, мардум бо нерӯи барқ бештар таъмин карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа Шофақир маълумот дод.

Вазир дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj Фирӯза Сатторӣ дар мавриди таъмини аҳолӣ бо барқ дар давраи Рамазон гуфт:

- Мо обро дар обанбори Норак дар сатҳе захира карда истодаем, ки дар рӯзҳои нисбатан сардтари зимистон мардумро бо барқ беҳтар таъмин карда тавонем. Дар пеш моҳи шарифи Рамазон аст ва мо реҷаи махсус дорем, ки мувофиқи он додани барқ ба мардум дар Рамазон зиёд карда мешавад. Албатта ҳама чиз аз резиши об ба обанбор вобастагӣ дорад, вале ман бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки имсол таъмини аҳолӣ бо барқ дар моҳи шарифи Рамазон нисбат ба соли гузашта беҳтар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД