Formula september
ДАР ДАВРАИ КЛИМАКС ЗАН ҲОМИЛАДОР МЕШАВАД?
6392

 Климакс-ин калима барои аксари хонумҳое, ки синну солашон аллакай марзи 45-50-ро убур намудааст, ошност. Баъзеҳо бар он андешаанд, ки фаро расидани климакс нишонаи пир шудани зан аст. -Климакс дар асл аз хазон гаштани баҳори умри зан дарак медиҳад?

-Бонувон дар чандсолагӣ ба климакс гирифтор мешаванд?
-Кадом бемориҳо дар давраи климакс авҷ мегиранд?
-Нишонаҳои климаксро чӣ гуна бартараф намудан мумкин аст?
-Дар давраи климакс ҳам зан ҳомиладор шуда метавонад?
Бо ин саволҳо мо ба Мунира Раҷабова, табиби амрози занонаи Маркази ҷумҳуриявии солимии репродуктивӣ муроҷиат намудем.

photo_2021-06-18_12-54-19

 

-Аксари занҳое, ки давраи климаксро аз сар мегузаронанд аз бад шудани вазъи саломатии худ шикоят мекунанд. Сабаб дар чист?

-Қабл аз ҳама бояд бигӯям, ки климакс беморӣ набуда, як ҳолати маъмулии физиологии зан аст ва тамоми хонумҳои аз 45-сола боло ин давраро аз сар мегузаронанд. Сабаб дар он аст, ки фаъолияти тумдонҳои зан оҳиста-оҳиста суст мешавад. Дар ҷисми ҳар як зан захираи муаяни фолейкулаҳое, ки дар дохилашон тухмҳуҷайраҳои оянда пухта мерасанд, мавҷуданд. Эстроген ва прогестерон-ду ҳормони асосии занона маҳз дар ҳамин фолейкулаҳо ҳосил мешаванд. Ҳар боре, ки зан ҳайз мебинад, теъдоди муаяни онҳоро аз даст медиҳад ва бо ҳамин минвол сол то сол миқдори гормонҳодар организм торафт кам шудан мегирад. Ҳамин тавр баъди 40-45-солагӣ кори тухмдонҳо тамоман суст мешавад ва давраи климакси зан оғоз меёбад.

-Кадом нишонаҳо аз саршавии климакс дарак медиҳанд?

-Маъмулан дар давраи климакс ҳайзбинӣ аввал кам ва баъдан тамоман қатъ мегардад. Зан баъзан худ аз худ якбора чунон гарм мешавад, ки гӯё оташ гирифта бошад. Нишонаҳои дигари климакс табларза, дарди сар, паст ё баланд шудани фишори хун, тез-тез задани дил, асабоният, беҳолӣ, бехобӣ, фаромӯшхотирӣ ва бисёр арақ кардан аст. Климакс ба намуди зоҳирии бонувон низ бе таъсир намонда, мӯйи сар бо шиддат мерезад, дар атрофи чашмон ва рӯй ожангҳо пайдо мешаванд ва зан қаду қомати мавзуни худро аз даст дода, фарбеҳ мешавад. Сабаби тағйиротҳои зоҳирӣ дар организм кам шудани ҳормони эстроген мебошад.

-Климакс аз чандсолагӣ сар мешавад?

-Аслан климакс бояд дар 45-55 солагии зан фаро расад, вале баъзе хонумҳо барвақттар ба климакс гирифтор мешаванд. Сабабаш метавонад ирсият, аз сар гузаронидани бемориҳои гуногун, амалиёти ҷарроҳӣ ё таъсири баъзе дорувориҳо бошад. Занҳое, ки барвақт ба климакс гирифтор шудаанд, бояд ҳатман ба духтури амрози занона муроҷиат карда, аз пайи табобат шаванд, чунки климакси бармаҳал фаро расида ба саломатии зан зиён расонида метавонад.

-Андешае роиҷ аст, ки климакс сол то сол ҷавонтар шуда истодааст. Ин андеша то куҷо асос дорад?

-Дар ҳақиқатсолҳои охир баъзе занҳо ҳатто 40-сола нашуда ба климакс гирифтор мешаванд. Омилҳояш албатта хеле зиёданд, вале бештар ин вобастагӣ дорад ба асаб, вайроншавии кори системаи эндокринологӣ ва пасту баланд шудани ҳормонҳо дар ҷисми зан. Дар замони муосир иддае аз бонувон аз паси карьера шуда, хеле дер ба шавҳар мебароянд, зани дуюму сеюм мешаванд ё дар оилаашон ҷангу ҷанҷол ва норозигиҳои зиёде ба миён меоянд, доруҳои гуногуни ҳормонӣ мехӯранд, ҳомиладориро бармаҳал қатъ мекунанд, яъне чанд мартиба исқоти ҳамл менамоянд ва ё баръакс мушкилоти безурриётӣ доранд ва ғами бефарзандӣ мехӯранд. Табиист, ки ҳамаи ин ба асаби зан бе таъсир намемонад. Асабонияти пайваста кори системаи эндокринологиро вайрон карда, сатҳи ҳормонҳо пасту баланд ва дар натиҷа зан ба климакси бармаҳал гирифтор мегардад.

-Нишонаҳои авалини климакси бармаҳал кадомҳоянд ва занон дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунанд?

-Нишонаи аввалин ин вайрон шудани давраи ҳайзбинӣ мебошад. Дар ин ҳолат зан бояд ба табиби амрози занона, ҳамчунин ҳатман ба духтури асаб ва эндокринолог муроҷиат намояд.

-Аҳён-аҳён занҳое низ во мехӯранд, ки ҳатто баъди 55-солагӣ ҳайз мебинанд...

-Ин падидаро дар тиб “климакси дермонда” ё бо ибораи дигар “Поздний климакс” “мегӯянд. Ин тоифаи занҳо бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намуда, узвҳои косашонро УЗИ кунанд ва аз дигар ташхисҳи зарурӣ гузаранд. Албатта дар баъзе хонумҳо нисбатан дертар фаро расидани климакс ирсӣ аст, вале ҳамчунин метавонад нишонаи баъзе бемориҳо низ бошад.

-Занҳое ҳастанд, ки климаксро як амри табиӣ ҳисобида бо умеди он ки нишонаҳояш бо мурури вақт худ аз худ мегузаранд, ба духтур муроҷиат намекунанд. Бепарвоӣ нисбати климакс чи оқибатҳо дошта метавонад?

-Ҳар як зан, хоса онҳое, ки давраи климаксро аз сар мегузаронанд, ҳатто агар худро комилан солим ҳис кунад ҳам, бояд дар як сол ақаллан ду маротиба ба духтури занона муроҷиат намояд, чунки дар ҷисми бонувон тағйиротҳои зиёде ба амал омада метавонанд. Климакс барои зан ҳам аз нигоҳи равонӣ ва ҳам аз назари ҷисмию физиологӣ давраи хеле душвор мебошад. Тарғироти аввалине, ки дар ҷисми зан ба вуҷуд меояд, ин камқувват шудани рагҳои хунгард бо сабаби паст шудани сатҳи ҳормонҳои ҷинсӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки маҳз бо шарофати эстрогенҳо занон нисбат ба мардон камтар ба инфаркт ва инсулт гирифтор мешаванд, вале вақте ки ин ҳормон дар ҷисми зан кам мешавад, хатари гирифтор гаштан ба фишорбаландӣ ва атеросклероз меафзояд. Дарди сар пайдо шуда, бо сабаби кам шудани калсий устухонҳо заиф ва чунон зудшикан мешаванд, ки ҳатто дар роҳи ҳамвор афтида, даст ё пойи худро шикастан имкон дорад. Аксари занҳое, ки климаксро аз сар мегузаронанд, пешобашонро дошта наметавонад. Дар ин давра ҳамчунин бо сабабивайрон шудани мубодилаи моддаҳо хатари ба диабети қанд, саратони сина ва саратони бачадон барин бемориҳои хеле ҷиддӣ гирифтор гаштани зан меафзояд, бинобар ин, ман ҳамчун табиби амрози занона маслиҳат медиҳам, ки бепарвоӣ зоҳир накарда, ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.

-Оё зан метавонад дар давраи климакс ҳомиладор шавад?

-Климакс фаро расида, ҳайзбинии зан қатъ шавад ҳам, миқдори хеле ками фолейкулаҳо дар организми зан боз 8-10 соли дигар боқӣ мемонанд. Зане, ки климаксро аз сар гузаронидааст дар муддати то ду сол метавонад ҳомиладор шавад, бинобар ин, хонумҳое, ки дигар нақшаи модар шудан надоранд, ҳатто дар ин давра низ бояд ҳатман аз воситаҳои пешгирии ҳамл истифода баранд.

-Мегӯянд баъзе бемориҳои занона дар давраи климакс худ аз худ нест мешаванд...?

-Ин бемориҳо полип ва миомаи бачадон мебошанд. Ин ду беморӣ ба ҳормонҳо сахт вобастагӣ доранд. Вақте ки сатҳи ҳормонҳо дар ҷисми зан тамоман паст мешавад, полип ва миомаи бачадон аз рушд кардан монда, оҳиста-оҳиста нест шуда метавонанд. Як нуктаи муҳими дигарро қайд карданиям, ки дар оғози саршавии климакс бо сабаби гоҳ паст ва гоҳ баланд шудани сатҳи ҳормонҳо ҳатто ин ду беморӣ низ авҷ гирифта метавонанд, бинобар ин, занҳое, ки давраи климаксашон фаро расидааст, бояд зери назорати духтур бошанд.

-Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба занҳое, ки климаксро аз сар мегузаронанд?

-Пеш аз ҳама ором шаванд ва аз тағйиротҳое, ки дар ҷисмашон ба вуҷуд меояд, ба даҳшат наафтанд. Бори дигар таъкид мекунам, ки климакс беморӣ набуда, ҳолати маъмулии физиологии зан аст ва баъди як давраи муаян нишонаҳояш худ аз худ гум мешаванд. Дуюм: кӯшиш намоянд, ки шабона хоб раванд, то асабҳояшон ором шуда, барои ҳар як майда-чӯйда дилтанг ва ғазаболуд нашаванд. Шабона қаҳва нӯшидан ба занҳое, ки давраи климаксро аз сар мегузаронанд, манъ аст. Фишри хунатон бениҳоят паст бошад, метавонед фақат як истакон қаҳва нӯшед, вале на бештар аз ин. Сеюм: Пеш аз хоб бо оби гарму хунук (контрасный душ) оббозӣ кунанд.

Чорум: Гиёҳобҳои таскинбахш, масалан обҷӯши бобуна бинӯшанд.

Панҷум: Ба ғизои худ аҳамияти ҷиддӣ дода, бештар гӯшт, моҳӣ, ширу ҷурғот ва меваю сабзавоти тару тоза истеъмол намоянд, зеро ҷисми зан дар ин давра аз норасоии калсий ва витамину минералҳо азият мекашад.

Панҷум: Ба духтури амрози занона муроҷиат намуда, барои рафъи нишонаҳои климакс доруву дармони фармудаи табибонро сари вақт бигиранд.

Аз ҳама муҳимаш “климакс сар шуд, акнун ман пир шудам” гӯён, худро дар чаҳор девори хона маҳкам кардан лозим нест. Климакс нишонаи тирамоҳ ва хазони умри зан нест. Дар ҳаёти шумо давраи нав оғоз меёбад. Онро бо лаби пурхандаю табъи хуш гузаронед, зеро дар ҳама синну сол зан зебо, ҷолиб ва дилкаш аст!

-Барои сӯҳбати самимӣ як ҷаҳон ташаккур!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД