Дар Чин барои нигоҳубини одамони пиронсол минбаъд аз хизмати роботҳо истифода мебаранд.
Тавре South China Morning Post хабар додааст, ҳукуматдорони Хитой лоиҳаи пилотиеро оғоз намудаанд, ки ҳадафи асосии он ворид намудани роботҳо ба бахши хизматрасонӣ ба одамони куҳансол мебошад.
Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани сифати зиндагии одамони калонсол ва осон кардани кори оилаҳост. Робот ба сифати як дастёри беминнат ба одамони калонсол хизмат карда, вақти қабул кардани доруҳоро ёдрас мекунад, вазъи саломатии кампиру мӯйсафедонро санҷида меистад ва ҳамзамон бехатариашонро таъмин менамояд.
Айни замон ин лоиҳа дар чанд минтақаи пилотӣ амалӣ карда мешавад. Дар сурати бомуваффақият аз санҷиш гузаштани лоиҳаи мазкур минбаъд дар тамоми кишвари Чин одамони калонсолро роботҳо нигоҳубин хоҳанд кард.