Рӯзҳои 24-26-уми октябр дар шаҳри Бухоро Чемпионати ҷаҳонии самбо миёни собиқадорон доир гашт, ки паҳлавонони тоҷик 10 медал ба даст оварданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мусобиқа паҳлавонони синнашон аз 35 боло ширкат намуданд. Дар ҳайати Тоҷикистон Хайрулло Назриев (+98 кг) дар категорияи М6, Нодир Чоршанбиев (-88 кг) дар категорияи М5 медали тило гирифтанд.
Хушнуд Сафоев (-98 кг) дар категорияи М2 медали нуқра ва Расул Ҳодизода (-71 кг) дар категорияи М7, Тиркаш Авғонов, Фарҳод Ризозода (-98 кг) дар категорияи М6, Шариф Қурбонов (+98 кг) дар категорияи М5, Муҳаммад Маҳмарасулов (-64 кг) дар категорияи М3, Замонҷон Умаров (-71 кг) дар категорияи М2, Алишер Ғарибшоев (-79 кг) дар категорияи М1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.