Дар чанд маҳаллаи шаҳри Душанбе аксияи “Тозагии соҳил” доир гардид.
Бино ба иттилои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, аксияи мазкур дар доираи иҷрои фармоиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини тозагии соҳили дарёву каналҳо дар ҳудуди маҳаллаҳои Гулистон, Муғулон ва Сабзикори ноҳияи Шоҳмансур гузаронида шудааст.
Дар ҷараёни аксия 800 метри тӯлонӣ канал аз лойқа ва партовҳои пластикӣ тоза гашта, дар ҳаҷми 150 метри мукааб партов ба партовгоҳ бароварда шудааст.
- Дар аксия гурӯҳи ризокорон ва аҳли ҷамоатчигӣ фаъолона иштирок намуданд,- меафзояд манбаъ.