35 years of independency
Дар чанд кӯчаи Душанбе имрӯз барқ муваққатан қатъ мешавад
25.09.2026
Oila.tj
101

Дар баъзе кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе имрӯз, 25-уми сентябр ба далели анҷоми корҳои таъмирию профилактикӣ барқ муваққатан қатъ карда мешавад.

Ба иттилои филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ аз соати 09:00 то 17:00 идома хоҳад кард.

Дар ноҳияи И. Сомонӣ барқ дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ 108-110 ва кӯчаи Карамова қатъ мешавад. Дар ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаҳои Мумзим, Хатлон, Якатут ва Шайнак ба маҳдудияти барқ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки корҳои мазкур бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ анҷом дода мешаванд. Дар сурати пеш аз муҳлат ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, интиқоли барқ барвақттар барқарор карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД