Дар баъзе кӯчаҳои се ноҳияи Душанбе бинобар корҳои таъмирӣ дар хатҳои барқӣ, 8-уми октябр интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ мешавад.
Тибқи иттилои Шабакаҳои барқи Душанбе, маҳдудият аз соати 09:00 то 17:00 дар суроғаҳои зерин амал мекунад:
Ноҳияи И. Сомонӣ: кӯчаҳои Телман, Бухоро 10, Сурхоб ва Саҳбо.
Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Қаҳрамон ва Крупский.
Ноҳияи Сино: кӯчаҳои П. Сулаймонӣ, Гипрозем, Борбад, маҳаллаҳои Сомон, Пахтакор, Навбаҳор ва Лаби Тол.
Ба гуфтаи масъулин, қатъи барқ ба корҳои таъмиру навсозии хатҳои барқӣ вобаста аст.