Gazprom july 2025
Дар Бӯстон «Хуҷанд» навсозӣ мегардад
108

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ мегардад.

Меҳмонхона аз 12 ошёна ва 187 утоқ иборат буда, дар як вақт имконияти қабули 294 меҳмонро дорад. Айни замон корҳои таъмиру навсозӣ ва насби таҷҳизоти зарурӣ дар ошёнаи 8-уми бино идома доранд.

Ҳамзамон дар ҳудуди меҳмонхонаи «Хуҷанд» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонон бунёди марказҳои хизматрасонӣ, қаҳвахона, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, мавзеъҳои сайругашт, таваққуфгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон идома дорад.

Дар шаҳри Бӯстон таъмиру навсозии қасри фарҳанг низ идома дорад. Ҳоло корҳои асосии сохтмонӣ дар қасри фарҳанг ба анҷом расида, мутахассисон ба пардозу рангубор машғул мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо сохтмон раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба раиси шаҳр ва масъулон супориш додааст, ки толори даромадгоҳи қасри фарҳанг бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, дар он маҳфилҳои рақс, сурудхонӣ, навозандагӣ, маҳорати актёрӣ ва дигар барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ ташкил карда шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД