Россия ҳамасола барои ҷалби нерӯи корӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ барои ширкатҳои дохилии кишвараш ба миқдори муайян квота ҷудо мекунад.
Тибқи қарори наве, ки ҳукумати Россия қабул кардааст, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2024 муҳоҷирони меҳнатӣ дигар наметавонанд дар бозорҳо ба фурӯши маҳсулот машғул шаванд ва дар дорухонаҳо кор кунанд, вале шумораи квотаҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмонӣ ба маротиб зиёд карда шудааст.
Ширкатҳои сохтмонии Россия акнун метавонанд то 80%-и воҳиди кории корхонаҳои худро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ пур карда, бештар муҳоҷирони меҳнатиро ба кор бигиранд.
Тавре ки «Парламентская газета» навиштааст, қарори мазкур аллакай аз имрӯз 4-октябр қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Бо зиёд кардани миқдори квотаҳо барои ҷабли шумораи бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ба корҳои вазнин аз қабили сохтмон, буридани дарахтони ҷангал, рӯфтани барфу тоза кардани кӯчаҳо ҳукумати Россия мехоҳад барои худи мардуми рус имкони машғул шудан бо корҳои нисбатан осон ва афзалиятнокро фароҳам оварад.
Ҳамин тавр шурӯъ аз 1-уми январи соли 2024 ҳиссаи муҳоҷироне, ки метавонанд дар бозорҳо тиҷорат кунанд, ба сифр баробар хоҳад гашт. Ин чунин маънӣ дорад, ки аз соли нави 2024 дар бозорҳои Россия ба фурӯши маҳсулот машғул шуданро ба муҳоҷирони меҳнатӣ пурра манъ мекунанд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ минбаъд наметавонанд ҳатто бо савдои кӯчагӣ машғул шаванд, зеро бо мошинҳои калони боркаш (фургон, фура, камаз ва ғайра) ба бозорҳо бор дароварда фурӯхтан ва савдо кардан дар хаймаю дӯконҳо (ларёк) низ ба шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда мешавад. Аз соли нав кор дар киоскҳо низ ба муҳоҷирон манъ шуда, ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода намешавад, ки дар дорухонаҳо кор кунанд.
Мағозаҳои калон метавонанд то 15%-и кормандони худро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор бигиранд.
Ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар соли 2024 набояд аз 24% зиёдтар бошад. Ин чунин маъно дорад, ки шумораи ронандагон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар автобус, тробейбус ва таксӣ ҳам кам карда мешавад.
Дар хоҷагии қишлоқ барои парвариши маҳсулоти полезӣ дар соли 2024 хоҷагиҳо то 50% кормандонро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор гирифта метавонанд.
Ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ дар корҳои ҷангал ба 50% расонида шудааст, яъне нисфи касоне, ки бо буридани дарахтон ва корҳои дигари ҷангал машғул мешаванд, метавонанд муҳоҷирони меҳнатӣ бошанд.
Дар ҳамин ҳол кори аз ҳама душвор-рӯфтани барф ва тоза кардани кӯчаҳо қариб ба пуррагӣ бар дӯши муҳоҷирони меҳнатӣ гузошта мешавад. Минбаъд ширкату корхонаҳои ин бахш ҳуқуқ доранд, ки то 70%-и воҳиди кории худро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ пур карда, муҳоҷирони меҳнатиро ба кор бигиранд.
Аммо аз ҳама бештар барои кор дар сохтмон ба муҳоҷирони меҳнатӣ квота ҷудо карда шудааст. Тибқи қарори нави ҳукумати Россия дар соли 2024 ширкатҳои сохтмонӣ метавонанд воҳиди кории худро то 80% аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ пур кунанд. Ба ширкатҳои сохтмонии Москва, Бурятия ва Амур бошад, иҷозат дода шудааст, ки 100% муҳоҷирони меҳнатиро ба кор гирифта, танҳо бо қувваи нерӯи кории хориҷӣ сохтмони биноҳо ва иншоотҳои дигарро ба анҷом расонанд.
Дар Амур дар кофтукоби тилло, нуқра ва дигар металҳои қимматбаҳо ҳамчун корманд ҷалб гаштан ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карда шудааст. Дар Калуга интихоби қувваи корӣ ва дар минтақаи Удмурт бошад, дар сари чамбараки мошин нишастан ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ шуд.
Ширкатҳое, ки қарори навро риоя накарда аз квотаи ҷудошуда бештар нерӯи кории хориҷиро ба кор ҷалб месозанд ё дар соҳаҳое, ки ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ манъ шудааст, муҳоҷирони меҳнатиро ба кор мегиранд, аз 800 ҳазор то 1 миллион рубли русӣ ҷарима карда шуда, фаъолияташон ба муддати се моҳ боз дошта мешавад.