Дар Бохтар нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи аввал иҷро шуд
30.09.2025
Oila.tj
116

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳр, ҷавонони даъватшаванда ва модарони онҳо Рӯзи даъватшаванда баргузор гардида, дар рӯзи аввал аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мужда дода шуд.

Шаҳрдори Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни суханрониаш ба ҳамаи ҷавонони далеру шуҷоъ ва соҳибватан, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, инчунин ба падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзандон миннатдорӣ баён кард.

Ҳамзамон ба 13 нафар ҷавонон шаҳодатнома дода шуда, пас аз маросими нонгазон барномаи рангини ҳунарӣ доир гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД