toyota motors
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон имрӯз борони кӯтоҳмуддат меборад
02.06.2026
Oila.tj
126

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Аз 2 то 5-уми июн аз сабаби бориши борон дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шабона ҳаво бебориш шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳои вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, эҳтимол раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо бошад, шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шабона бебориш буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона бебориш шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 8-13 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа гарм ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД