arzon replenishment
Дар байни маргу зиндагӣ Қисми 1
2852

Дар байни маргу зиндагӣ
Дар зиндагии инсон баъзан воқеаҳое рух медиҳанд, ки дасту дили касро аз ҳаёт сард месозанд. Одамизод гоҳо муқобили мушкилиҳои ба сараш омада истодагарӣ карда натавониста иродааш мешиканад ва чунон руҳафтода мешавад, ки аз ҳаёт дилсард мегардад. Он рӯз аз утоқи духтур баромада истода Муродҷон низ гумон мекард, ки осмон ба сараш чаппагардон шуда, бо бори гаронаш ӯр маҷақ-маҷақ мекунад...
Ду нимаи як тан
Худованд беҳуда инсонро ҷуфт наофаридааст, одам тамоми ганҷу мли дунё насибаш бошад ҳам, агар ҳамсараш дар бараш набошад, худро танҳои танҳо, афсурдаву заҳин ва нодаркор ҳис карда, аз зиндагӣ дилмонда мешавад. Маънӣ ва лаззати умри мард зан асту аз зан мард, яъне шавҳари меҳрубонаш. Муродҷону занаш ҳам солҳо дар як болин сар монда, ба қавле ду нимаи як тан гашта буданд. Дар байнашон албатта баъзан ягон нофаҳмӣ мешуд, аммо новобаста ба ин, зану шавҳар ба мисли Лайлию Маҷнун ҳамдигарро самимона дӯст медоштанд. Муродҷон аз кор омада занашро дар хона набинад, ба ташвиш меафтид, ҳамсараш ҳам куҷе, ки наравад, ҳушу ёдаш мудом бо шавҳараш банд буд, то он рӯзе, ки...
Сухане, ки аз тири камон сахттар буд

Вақтҳои охир саломатии занаш якбора вайрон шуда, рангаш рӯз то рӯз зардтар мешуд. Муродҷон сарашро ба санг зада, кӯшиш мекард, ки ҳар бегоҳ беҳтарин хӯрданиҳоро харида орад, вале иштиҳои ҳамсараш бар асари беморӣ баста шуда, дилаш чизе намекашид. Дар бадали чду-се ҳафта як ҷавонзани зебои бо китфу бозӣ лоғар шуд, ки ба қавли кампиракони деҳа “пӯст болои устухон” шуда монд ва Муродҷон сахт ба ташвиш афтида, занашро ба духтур бурд.
Табиб баъди муоина аз бемор хоҳиш кард, ки чанд лаҳза дар берун интизор шавад. Пас аз он ки занаш аз утоқ баромад, вай ба Муродҷон рӯ оварда гуфт:
-Бародар, ман шуморо тарсонданӣ нестам, вале нишонаҳое, ки дар ҳамсаратон мушоҳида мешаванд, ба касалии саратони шуш монандӣ доранд. Барои ҳамин мо бояд беморро пурра ташхис намоем, охир худатон медонед, ки саратон бемории ҷиддӣ аст...

Бо шунидани калимаи “саратон” хун дар рагҳои Муродҷон гӯё якбора ях баста, майнааш чунон карахт шуда монд, ки дигар духтур чи мегуфт, тамоман намефаҳмид. Фақат медид, ки лабҳои табиб ҷунбида истодаанд, вале чӣ гуфтанаш ба майнаи ин марди талхакаф шуда дигар намедаромад.

Аз сараш гӯё як сатил об рехта бошанд, мардаки бечора дар обу арақ тар шуда, фақат сар меҷунбонду лаб мегазид. Хаёлаш дар як лаҳза ба кадом кӯчаву паскӯчаҳое, ки нарафт, як дам дар пеши назараш манзараи фарёду нолаи ҷигарсӯзи хешу табор ҳувайдо мегашт, замони дигар зани нозанинашро бо манаҳи баста дар рӯйи хона хобида тасаввур мекард, гоҳ кӯдакони сархамаш пеши назараш меомаданду гоҳи дигар хонаи сарду холӣ...

-Бародар, ба шумо чӣ шуд? Ҳолатон нохуб менамояд?-гуфтани духтур ӯро ба худ овард.
-Саратон?! Духтурҷон, росташро гӯед, аз умри занам чи қадар вақти дигар боқӣ мондааст?-Пурсид Муродҷон базӯр худро аз гиря нигоҳ дошта.
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД