Мақомоти Қазоқистон бар асари сардии шадиди ҳаво ва шароити хатарноки роҳ як автобуси байналмилалиро нигоҳ доштаанд, ки дар он 81 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 17 кӯдак будаанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 17-уми январ хабар дод, ки автобус дар шаҳри Кокшетауи вилояти Оқмола нигоҳ дошта шудааст. Аммо маълум нест, ки мусофирон аз кадом самт сафар мекарданд.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи мусофирон ба як меҳмонхонаи шаҳрӣ интиқол ёфта, бо ҷойи гарм ва кумаки зарурӣ таъмин шудаанд.