arzon replenishment
ДАР ҶАЙҲУН ЯК ОИЛАРО ТАБАРКУШ КАРДАНД!
10885


Дар ноҳияи Ҷайҳуни Вилояти Хатлон аҳли як хонавода аз ҷониби шахсони номаълум ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ дар такя ба манобеи худ хабар додааст.

Ин ҳодисаи хунин дар деҳаи Тарғоқи ноҳияи Ҷайҳун ба вуқуъ пайваста, он қадар ваҳшатнок аст, ки бо шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад. Чуноне, ки галаи гургон шабона ба рамаи гӯсфандон ҳамла мекунанд, шаби 11 ба 12-и июн шахсони номаълум ба манзили зисти яке аз сокинони деҳа бо исми Аҳлиддин Маҳмадов даромада, аҳли ин хонаводаро ба таври ваҳшиёна табаркуш кардаанд. Аз ҳама даҳшатангезаш он аст, ки дар байни кушташудагон 3 нафар ноболиғон низ ҳастанд.

Қотилони номаълум бо табар ба сари ҳар як аъзои ин оила зарбаҳои ҷонкоҳ зада, падари хонавода Аҳлиддин Маҳмадови 39 соларо бо се фарзандаш, ки яке 14, дигарӣ 13 ва хурдӣ 11 сол доштааст, ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Ҳамсари Аҳлиддин ва як духтари дигараш захмҳои хеле вазнин бардошта бошанд ҳам, ҳанӯз зиндаанд, вале то ҳол ба ҳуш наомадаанд.

Сабаби куштори ваҳшиёнаи аҳли оилаи ин марди деҳқон маълум нест, вале ба гуфти яке аз сокинони Тарғоқ “деҳа милисаборон аст.”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД