Arzon march 2024
Дар ҷавонӣ бой шуда, бадбахт гаштам
24.04.2024
Оила.ТҶ
1414

 

 

Салом ба кулли хонандагони сомонаи Oila.тj!

Одатан мардҳо фақат худро таърифу тавсиф намуда, кӯшиш мекунанд, ки камбудиҳои худро пинҳон созанд, вале ман мехоҳам хатоҳоеро, ки дар зиндагӣ содир намудам, нақл кунам, то ба дигар ҷавонон дарси ибрат гардад ва мисли ман бадбахт нашаванд.

Ман дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон дар оилаи камбағал ба дунё омадаам. Азбаски падару модарам худашон одамони бесавод буданд ва дар зиндагӣ бисёр азоб мекашиданд, тамоми буду шудашонро сарф намуда, маро хононданд, то ки ба қавли маъруф “одам” шавам ва мисли онҳо дар зиндагӣ азоб накашам, вале...

Ёд дорам, ки падарам барои маро ба донишгоҳ дохил кардан тамоми гову молашро фурӯхта, бо садҳо умеду орзу писари ягонаашро ба шаҳр оварда буд, то ки хонда одами босавод шавад ва дар дами пирӣ такягоҳу асои дасташ гардад. Тӯли панҷ соли донишҷӯиям падару модарам худашон либоси дуруст напӯшидаю хӯроки серӣ нахӯрда, ҳар моҳ ба ман пул мефиристоданд, то ки дар шаҳри калон азоб накашам. Дигарон дар хобгоҳ зиндагӣ кунанд, ман дар хонаи иҷорае зиндагӣ мекардам, ки тамоми шароитҳои зуруриро дошт. Ҳангоми дар курси дуюм таҳсил карданам волидонам зеботарин духтари деҳаро ба ман келин карданд. Дар байни се сол ҳамсарам 2 фарзанд ба дунё овард. Азбаски донишҷӯ будам, таъминоти зану фарзандони ман пурра бар пӯши падарам буд...

Хулоса, панҷ сол бе ягон ранҷу азоб таҳсил карда, соҳиби диплом шудам ва ба зодгоҳам баргаштам. Мутахассиси ҷавон ва кадри худӣ гуфта, ба ман кори хуб пешниҳод намуданд. Дар байни 4-5 сол зина ба зина боло рафта, соҳиби обрӯ ва пулу моли зиёд шудам. Каси дигар мебуд, сад бор шукрона мекард, вале мани беандеша дар ҷавонӣ пулдор шуда, аз худ рафтам. Кибру ғурур чашмамро чунон кӯр кард, ки дигар заминро дар зери поям намедидам. “Як духтари қишлоқиро ба ман келин кардед” гӯён, тез-тез бо волидонам моҷаро мекардам.

Дил ба шаробу духтарбозӣ баста, ба роҳи бад қадам ниҳодам. Падару модарам насиҳат мекарданд, ки майзадагӣ ба касе обрӯ наовардааст, беҳтараш сари вақт аз шаробхорию хонумбозӣ даст кашам, вале ман гӯши пандшунав надоштам. Қилиқҳои бадам боиси он гашт, ки оқибат маро аз кор ронданд. Ҷӯраҳоям, ки замони болои кор буданам дар атрофам парвонавор давр мезаданд, имрӯзҳо маро бинанд, рӯяшонро тофта, чунон вонамуд мекунанд, ки ягон вақт бо ман ошно набуданд.

Хатоямро акнун фаҳмидам, вале дер шудааст. Ба ҷавонон гуфтаниям, ки хатои маро дар зиндагӣ такрор накунанд!

Бо эҳтиром, АЛӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД