Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷусур» (Jusour)-и давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кори муваққатӣ дар Қатар даъват менамояд.
Қатар омода аст муҳоҷирони меҳнатии аз 25 то 45-солаи тоҷикро, ки маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи технологияи автомобилӣ, мошинасозӣ ва муҳандисӣ механикӣ доранд, ба кор қабул намояд. Доштани диплом ё шаҳодатномаи тахассусӣ, таҷрибаи на камтар аз дусолаи корӣ дар соҳаи автомобилсозӣ ё дигар соҳаҳои марбута ва донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират ҳатмист.
Муҳоҷирони тоҷик дар Қатар бо корҳои зерин машғул мешаванд:
Автомобилӣ-механики автомобилҳо (Car Mechanic)
Механики вазнбарор (Heavy Vehicle Mechanic)
Механики автобусҳо (Bus Mechanic)
Механики системаҳои электрикӣ (Auto Electrician)
Механики муҳаррик (Engine Mechanic)
Механики кондиционер (A/C Mechanic)
Мутахассиси шинамонтаж (Tyre Man)
Коркуни корпус ва кузов (Denter)
Мутахассиси рангубор (Painter)
Мутахассиси қуттии редуктор (Transmission Mechanic)
Усто оид ба тормозҳо (Brake Mechanic)
Мутахассиси насоси сӯзишворӣ (Fuel Pump Mechanic)
Мутахассиси таъмири чаҳорчӯба (Chassis Mechanic)
Хизматрасонӣ Хизматрасони дар меҳмонхона (Room Attendant)
Пешхизмат (Waiter/Waitress)
Бармен (Barman)
Касир (Cashier)
Администраторони меҳмонхона (Receptionist)
Ошпазҳои миллӣ ва байналмилалӣ (Chef)
Ёварони ошпаз (Assistant Cook)
Мошиншӯй (Dishwasher)
Коргарони хизматрасонӣ (Housekeeping Staff)
Ёварони умумӣ (General Helper)
МАОШ ВА ИМТИЁЗҲО
Музди асосӣ: QAR 2000–3000 (≈550–825 USD).
Илова барои хӯрок: 300 QAR (≈82 USD).
Ҷои истиқомат ва нақлиёт: Таъмин карда мешавад.
Суғурта: Суғуртаи тиббӣ ва ҳаётӣ аз ҷониби корфармо.
Рӯхсатӣ: 21 рӯзи таътили солона (пас аз 11 моҳи корӣ).
Чиптаи ҳавопаймо: Ба ватан пас аз 2 соли корӣ аз ҷониби корфармо пардохт карда мешавад.
ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ВА ТАМОС
Мусоҳиба барои ҳамаи номзадҳо рӯзи панҷшанбе, 2-юми октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» баргузор мегардад. Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ-80.
Телефонҳо барои тамос:
ш. Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994, +992 931 137 171
в. Хатлон: +992905 800 063, +992 934 878 828
в. Суғд: +992 928 079 999
ВМКБ: +992 935 101 439
Сомона: https://khorijakor.tj