Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як хабар дар шабакаи Телеграм ба иттилои хоҳишмандон расонидааст, ки муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Қатар оғоз ёфт. Шартҳои кор дар Қатар чигунаанд ва киҳо метавонанд ба ин кишвари арабӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд?
Ба иттилои манбаъ, ба давлати Қатар асосан муҳоҷирони меҳнатии ҷавон, яъне аз 20 то 40-сола фиристода мешаванд. Ба давлати Қатар онҳое рафта метавонанд, ки дар баробари таҷрибаи кофии корӣ доштан забони арабӣ ё англисиро медонанд.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Қатар дар фермаҳои чорвопарварӣ, бо доштани таҷрибаи корӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба кор гирифта мешаванд. Дар Қатар дар як қатор соҳаҳои дигар, аз ҷумла мутахассисони соҳаи автомобилсозӣ ва таъмири автомобилҳо ва механики дизел низ соҳиби ҷойи кор гашта метавонанд.
Музди меҳнат вобаста ба ихтисос аз 550 доллари амрикоӣ оғоз ёфта, хоҳишмандон бо раводид, яъне виза ва чиптаи ҳавопаймо таъмин карда мешаванд. Ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Қатар ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ ва корти нақлиётии ройгон дода мешавад. Хизматрасонии тиббӣ низ аз ҷониби корфармо пешбинӣ шудааст.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба Қатар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, барои номнавис кардан бояд ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир мебошад, муроҷиат намуда, CV-и худро бо забони англисӣ пешниҳод намоянд.