arzon replenishment
Дар асорати рашк (ҚИСМИ 2)
03.07.2024
ОИЛА.ТҶ
1168

Илҳом аз ҳаммом баромаду либосҳояшро пўшида, сари мизи хўрокхўрӣ нишаста, наҳорӣ кард ва баъд телефонашро ба даст гирифта, диду хушҳол шуд. Ман мавҷи хандаро дар лабони зебои ў дида, дилам ба кафидан наздик омад.

Ў бепарво бо ман хайрухуш карду аз ҷабинам бўсида, гуфт:

- Имрўз вохўрӣ дорам, шояд дертар биёям.

Илҳом рафту дили маро гурбаҳои хашмини рашк тала мекарданд, чӣ қадар гарон буд. Худро ба даст гирифтаму қарор додам, ки вохўрии ўро бо Гулнозаш заҳри баданаш мекунам!

Ақрабаки соат ба панҷ наздик мешуду дили ман ончунон метапид, ки мегуфтӣ аз қафаси сина баромаданӣ аст. Хеста худро оро додаму куртаи сурхи қимматбаҳоямро ба бар кардам, туфлиҳои ҳамранги сумка ва дилам сип-сиёҳро ба по пӯшида, сари чанбараки мошин нишастам. Даҳонам худ аз худ хушк мешуд, ин шояд аз шиддати асабоният буд. Мошинро назди як мағоза дошта, хостам об гирам. Обро гирифта баромадан мехостам, ки ба як кампирак бархўрдам. Кампирак рўйи бетон афтод ва аз халтаи селофании дасташ қуттии шир, нони сиёҳ ва тухмҳояш афтоданд. Як ҷавон ўро аз ҷояш бардошту ба ман гуфт:

- Ҳой хонум, як пеши поятонро ҳам бинед, бечора кампирро куштед.

Ман домани андешаҳои парешонро раҳо кардаму кампиракро ба оғўш кашида, узр пурсидам. Кампир рус будааст ва канда-канда тоҷикӣ гап мезад:

- Ту ҳам барқасд накардӣ ку, хеҷ гап не… фақат поям лат хўрд, зимистон лағжида будам, устухонаш кафида буд.

Аз бадани кампирак бўйи шиноси ванил меомад. Узри зиёд хостаму тухмҳои шикастаро ба урни кўча партофта, нону ширашро гирифта, ўро ба мошин шинондам ва рост ба духтур рафтам. Духтури осебшинос ўро аз назар гузаронду гуфт, ки ягон осеби ҷиддӣ нест ва чанд малҳаму дору навишт барои осеби куҳнаи ў. Ман дорувориҳояшро харидаму боз барояш хўрданиҳои лазизи зиёд харида, ўро то хонааш бурдам. Кампирак, ки дар гузашта муаллимаи забони русӣ будааст, раҳмат мегуфту гўё ў гунаҳгор бошад, аз ман узр мепурсид.

Хонаи Надежда Петровна дар қабати дуюми бинои чорошёна воқеъ будааст, духонагии тозаву озода ва таъмирдида. Чун вориди хона шудем, ў ба нею нестонам нигоҳ накарда, маро ба ошхонааш даъват карду пешам чойи хушбўе гузошт, мураббои тамашку лимў, қандҳои рангоранг ва сари як пиёла чой қиссаи зиндагияшро нақл намуд:

“Ману шавҳарам бо роҳхат асри гузашта ба Тоҷикистон омадем, дар ин кишвари зебо духтару писарамон ба дунё омаданд. Ба онҳо номҳои тоҷикӣ мондем, Рустам ва Нисо. Ҳоло писарам дар Амрико ва духтарам дар Русия зиндагӣ мекунанд, ҳарду табибанд ва зиндагии шоиста доранд. Домодам тоҷик ва келинам ӯзбек ҳастанд. Аввалҳо зуд-зуд ба наздашон мерафтам, вале ҳоло пир шудам ва наметавонам. Духтарам гиря мекунад, ки назди ман биё, келину писарам ҳам, аммо ман аз ин ватан дил канда наметавонам. Ҳамсояҳои хуб дорам, дугонаҳои духтарам ва рафиқони писарам аз ҳолам хабардоранд, аммо баъзан дилам мехоҳад худам рафта, ягон чиз харида биёрам. Баъдан, хоки шавҳарам ин ҷост ва мехоҳам дар бари ў хок шавам…”.

Ҳамин вақт дар ёдам зад, ки ба куҷо рафтанӣ будам, аммо соат алакай ҳашти бегоҳ шуда буд. Ман бо Надя-хола хайрухуш кардаму ваъда додам, ки боз наздаш меоям ва ба хона баргаштам. Табъам хира, ба хона ворид шуда, аҳли хонаводаро сарҷамъ сари хон дидам. Хушдоманам мастова пухта буду ҳама баҳ-баҳкунон нўши ҷон мекарданд. Илҳом бо ҳайрат ба ман нигариста, гуфт:

- Нўш, ин қадар фасон шуда, аз куҷо меоӣ?

- Э напурсед, салон рафтанӣ будам, ба як кампирак бархўрдам…

Ман воқеаро нақл кардаму хушдоманам гуфт:

- Хайрияте, ба хушӣ анҷом ёфтааст.

Ба Илҳом нигоҳ кардам, аз чашмонаш шарора мерехт. Дар дил гуфтам, ки вохўрӣ хеле бомазза гузаштагист. Ба хонаи хоб даромадам, ки ў аз қафоям даромаду маро гарм ба оғўш кашида, пичиррос зад:

- Нўш, ранги сурх ба ту сахт мезебад.

Нав даҳон пур карда, гуфтанӣ будам, ки “ба Гулноз чӣ?”, ки ў илова кард:

- Тайёриатро бин, ҳафтаи дигар ба Туркия меравем, имрўз бо як зан вохўрдам. Ӯ дар Туркия чанд хона доштаасту ба сайёҳон иҷора медодааст. Ман хонаеро ба иҷора гирифтам, ки дар Анталия дар қарибии баҳр аст. Ба Гулнозхонум чунон хуш омадам, ки писархондам гирифт, бо ту ҳам шинос шуданист.

Дастонамро ба гардани шавҳарам ҳалқа кардаму шарм доштам, барои гумону шубҳаҳои бадам.

Истироҳати мо хуб гузашт. Аз ҳоли Надя-хола зуд-зуд хабар мегирам. Ӯ ҳам ба меҳмонӣ меояд, бо хушдоманаму модарам дугонаҳои хуб шудаанд. Ман ўро бо шӯхӣ фариштаи наҷот мегўям, ў бошад, маро фариштаяки ман мегўяд…

НӮШОФАРИН, аз шаҳри Хуҷанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД