Дар ноҳияи Ашт бо мақсади қадрдонии 206 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки тайи чанд соли охир таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва дар рушди ҷаҳони маънавии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Ашт сол то сол шумораи иштирокдорони ин озмунҳо меафзояд. Инчунин тавассути ин озмунҳо чеҳраҳои нави суханвару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ мегарданд.