Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт фаъолияти як гурӯҳи муташаккили фаромиллии қочоқбарони маводи мухаддирро ошкор карда, чанд нафарро боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои ВКД, дар ҷараёни амалиёт 6 килою 500 грамм ҳашиш мусодира шудааст. Гуфта мешавад, сокини 53-солаи ҷамоати Шайдой, ки қаблан барои қочоқи маводи мухаддир суд шудааст, бо як шаҳрванди Афғонистон интиқоли маводи мамнуъро ташкил кардааст. Ҳамчунин се бародар, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, боздошт шудаанд. Мувофиқи маълумоти тафтишот, маводи мухаддир қаблан дар қаламрави Афғонистон ба даст оварда шуда, қарор будааст тавассути Тоҷикистон ба хориҷи кишвар интиқол дода шавад.
Боздоштшудагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Тафтишот барои муайян кардани тамоми ҷузъиёти қазия идома дорад.