Formula novemver 2024
Дар арафаси соли нав бахти ҳақиқиро ёфтам
30.12.2022
ОИЛА
1558


Ман занамро бо ишқу ошиқӣ гирифтам. Занамро дӯст медоштам, аммо вай чунон нозу нузҳое мекард, ки шоҳдухтар намекард.

Мабодо гапамон барои ягон чиз гурехта монад, дарҳол ба падару модараш занг мезад. Хусурам корманди милиса буд, вале ба ҷойи насиҳат кардан ба сари ман дӯғу пӯписаи бисёре карда, духтарашро пешандоз карда мебурд. Ҳамин тавр муддати се сол бо маймунбозӣ зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд шудем. Як рӯз занам гапгардонӣ карда, ба рӯям давид. Дар сари қаҳр ӯро як шапалоқ задам. Бо ҳамин як шаппотӣ қиёмат қоим шуд ва хусуру хушдоманам омада, духтару набераашонро гирифта бурданд.

Дар сари суд гуфтам, ки ман зани сар медодагию фарзанди бесоҳиб надорам, аммо хусурам зӯран моро ҷудо карда, маҷбур намуд, ки ҷавоби духтарашро диҳам. Ночор номи талоқро ба забон гирифтам. Муддати ду моҳ барои духтарчаам зор-зор гириста бошам ҳам, занам ва падару модараш кӯдакро ба ман нишон намедоданд. Дидам, ки бо ягон роҳ ба онҳо гап фаҳмонда намешавад, ҳаволаашонро ба Худо супурда, аз парвардигор илтиҷо намудам, ки ин дафъа бахти ҳақиқиро насибам гардонад.

Худованд оҳамро шуниду баъди чанд вақт духтари табъи диламро пайдо намудам. Тӯйи мо дар тарабхонаи бошукуҳе барпо гашта, дар он ситораҳои эстрадаи тоҷик ҳузур доштанд. Бародарони арӯс дар сари тахти бахт ба мо калиди хонаи дуҳуҷрагиро дар маркази шаҳр тақдим карданд. Ин занам бойдухтар бошад ҳам, мисли зани якумам дағдағаю катагӣ намекунад.

Бисёр духтараки меҳрубон, оромтабиат ва хоксору самимӣ аст. Худоро шукр мегӯям, ки дер бошад ҳам, дар арафаи соли нав ёри ҳамдилу ғамхору меҳрубон пайдо кардам.
М., хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД