Дар Анқара Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид
30.12.2025
Oila.tj
83

Дар шаҳри Анқараи Туркия Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар додааст, ки бо ташаббуси сафорат дар ҳамкорӣ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Анқара таҳсил менамоянд, Рӯзҳои фарҳанг ва гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Барномаи ҳамоиши фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахшҳои гуногун иборат буда, аз ҷумла қироати шеърҳои классикӣ, шоҳномахонӣ, иҷрои мусиқиҳои суннатии тоҷикӣ ва намоишҳои театриро дар бар гирифтааст. Ҳама барномаҳо аз ҷониби донишҷӯён бо маҳорати баланд ва сатҳи касбӣ пешкаш гардида, фарҳанг ва мероси ғании миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД