arzon replenishment
Дар ғами дигаре набояд хандид
3264

 

Сенарияи “рушди бесаводӣ” дар кишвари мо барномаи нонавиштаест, ки имрӯз худ ба худ амалӣ шуда истодааст. Воқеан!

Тасаввур кунед. Нафаре, ки 11 сол пушти партаи талабагӣ нишастааст, донишгоҳро тамоман ҷойи дигар тасаввур мекунад. Ӯ бисёр мехоҳад, ки тез ҷониби кӯчаи орзуҳояш қадам занаду пушти мизи донишҷӯӣ ҳам шинад. Маркази миллии тестӣ ба ин гуна хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъди соҳиб шудан ба холи гузариш унвони пурифтихори донишҷӯро медиҳад. Довталаб акнун бо ҳазор фикру хаёл ба донишгоҳ меояд. Ӯ умед дорад, ки саводи кофӣ гирифта, мутахассис мешаваду ба халқу кишвараш хизмат мекунад. Аммо ...
Сар аз моҳи январ сенарияи ҷашнгирии иди “Наврӯз” навишта мешаваду мутасаддиён гуруҳ ба гуруҳ гашта, маршировкачии “ихтиёрӣ” мекобанд. Ба онҳое, ки дар хобгоҳ меистанд ё сокини муқимианд, “афзалият” дода мешавад. Бале, онҳо дар рӯйхат садрнишинанд. Ана баъд, барои пур кардани план сар мешавад “мотиватсия”. Тарғиби якум гузоштани 100 бал барои марҳилаи якум ба ин тоифа донишҷӯёнанд. Як моҳ рақс мекунанду 100 балл мегиранд.
Қатъиян мегӯем, ки донишҷӯи ҳақиқӣ асло ҳаваси маршировкаравӣ надорад. Аммо “донишҷӯ”-и хизматгурезу шавҳарнокун майл дорад, то фаъол бошад дар чунин маъракаҳо. Давоми чанд моҳ доду фарёд, ҷобаҷогузорӣ, машқ, омодагӣ...
Як чиз гӯям? Барномае, ки шумо аксаран дар рӯи экранҳо мебинед, давоми 3 то 10 рӯз омода мешавад. Бале! Ун чанд моҳи боқимонда бо доду войи коргардону ҷобаҷогузории "кадр" - ҳо мегузарад. Як рӯз аз чап меистиву рӯзи дигар ба рост мегузарӣ, рӯзи дигараш баръакс боз. Ана ҳамин гуна аст сенарияи маршировкаравӣ. Овози чанд режиссёр мегираду ҳуши чанд “раққос” меравад, чанд ҷавон номзад меёбаду чанд нафари дигар соҳиби бахт мешавад (таъбири шиноси як нафари муҳтарам) ва ниҳоят барномаи мукаммале рӯи саҳна меояд.
Ин ҳолат натанҳо дар дили кишвар, балки дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар низ ҷой дорад. Ҳатто дар Мурғобу Муъминобод ҳам. Ин ноҳияҳо, ки коллеҷи тиббиву намедонам боз ким кадом омӯзишгоҳи коллеҷҳои дигар доранд, онҳоро ба чунин маъракаҳо сафарбар месозанду дар баробари ҳамшираву харроту челонгару омӯзгор ... касби нави раққосагиро низ меомӯзандашон. Бадбахтона, чанд соли охир аз ҳисоби нарасидани ин гуна кадрҳо муҳассилини мактабҳои миёна ва ҳатто боғчаву кӯдакистонҳо низ ба ин барномаҳо роҳ ёфтаанд.
Ҳайрони онам, ки қариб ҳама шаҳру ноҳияҳо коллеҷи санъату қасри фарҳанг, театру чанд гуруҳи созию ансамблҳои рақсӣ ва кружокҳои ҳаваскорон доранд, аммо тир боз ҳам рафта ба донишҷӯ мерасад. Бале, ӯ ҳатман бояд ба маршировка равад.
Имсол ҳам бо вуҷуди таҳдиди зараи тоҷдори КОВИД – 19 дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷашни Наврӯз онқадар бодабдаба гузашт, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Дигар кишварҳо мотам доштанду мо тӯй. “Дар ғами дигаре набояд хандид” мегӯянд, ки сад дар сад дуруст аст. Акнун ҷазояшро дида истодаем. Ковид ба худ либоси пневмония пӯшида, оҳиста аз марз гузашту ба кишвари мо омад. Шояд шабона даромад, ки мо онро надидем, набошад дарав дастгираш мекардем. Вале кор аз кор гузашт. Хеле ҷавлону майлон карду баъд либоси аллакай машҳуршудаашро иваз намуд ва чеҳраи аслиашро нишон дод.
Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карим Озарахш, ки чанд ҳафтаи охир бо далели гирифторӣ ба пневмония дар бемористон мехобид, баъди аз беморхона баромадан бо Радиои Озодӣ суҳбат кард ва сабаби бемориашро чунин шарҳ дод: "22 март дар Душанбе бо донишҷӯён вохӯрӣ доштам. Баъди бозгашт аз он ҳолатам бад шуд. Намедонам, ки дар Душанбе шамол хӯрдаам ё дар роҳ ба Хуҷанд".
Ана дидед? Акнун исбот карда тавонистам? Бале, вирус ҳам шояд ба наврӯзии мо омада буду баъд роҳашро гум кард ва ҳамин ҷо истод. “Пешгирӣ беҳтар аз табобат” мегуфт Ибни Сино 1000 сол пеш, вале ба кӣ гуфт номаълум! Акнун даво мекобему чораву илоҷу ким чиҳои дигар.
Ахиран, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳам ҳушдор дод, ки Тоҷикистон бояд ба бадтарин сенарияи афзоиши ин вирус омода бошад. Ҳавоямон гарм асту иқлимамон хушк ва он ба мо таъсир намекунад гуфтем, аммо фикр накардем, ки чаро вирус ба Африқои гарм рафту дари Каъбаро баст ва оё мо шоху думи зиёдатӣ дорем?

Тоҷикистон, сабур бош! Ин вирус ҳам мегузарад. Фақат акнун ҳушёр бояд шуду ба ғами ҳамсоя шарик. Дар урфият ҳам беҳуда нагуфтаанд "Ба ҳоли кас наханд, ки механданд ба ҳолат".

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД