Замони хурд будани ману додаронам падарам модарамро «фоҳишаи қади кӯча» гӯён, талоқ дода, аз хонааш рондааст. Модари бечораамон гирёну нолон соати 1-и шаб пойи пиёда моро ба хонаи бобоям, ки дар деҳаи дурдасти шаҳри Турсунзода аст, мебиёрад.
Бо азобҳои алим модарҷонам се фарзандашро калон кард, хононд, соҳибмаълумот намуд. Дар умрамон ягон бор падарамонро суроғ карда, модарамонро ғамгин накардаем, чунки хурд бошем ҳам, дар ёд доштем, ки чӣ тавр падари бевиҷдонамон моро «ҳаромӣ» гӯён, бо мушту лагат мезад. Падар не, душмани ҷонамон буд!
Азобҳое, ки аз дасти он бехудо кашидаем то рӯзи мурдан аз ёдамон намеравад! Худаш дар Русия бо беваҳои рус кайфу сафо карда мегашту баъди баргаштанаш дар сари модари бегуноҳи мо чормағз мешикаст ва «фоҳиша» гӯён, лагадкӯбаш мекард. Бе кӯмаки падар ҳам модари зорамон моро калон кард, вале алами зиндаятимӣ ва таҳқиру озорҳои дидаамон дар диламон монд. Нафратам нисбати падари золимам он қадар зиёд аст, ки мегӯям:
«Агар ягон рӯз бо он бехудо рӯ ба рӯ шавам, сарашро аз танаш ҷудо мекунам!». Модарам бо он ҳама ранҷу азоби аз дасти шавҳар кашидааш боз тарафи ӯро гирифта насиҳат мекунад:
«Ин тавр нагӯй, писарам, бузургон падарат хук бошад, хуб бонӣ кун гуфтаанд!!
Барзу аз ш. Турсунзода