Дар муассисаи давлатии “Қалъаи Бибихонум”-и шаҳри Бохтар аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ҳафриёти бостоншиносӣ оғоз шудааст.
Дар ин бора Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии хеш иттилоъ додааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки дар рӯзи аввали ҳафриёт аз ин қалъа теъдоди зиёди сафолпораҳо, дастозҳо, кӯраи маъдангудозӣ, чӯбҳои пӯсида, устухонҳои гуногуни ҳайвонот, миқдори зиёди донаҳои гандуму кунҷид ва намунаи хулаҳои оҳанин пайдо гардидааст.
Корҳои ҳафриётӣ дар ин қалъа идома доранд.