...Забир даҳ сол аз зани наваш калон буд ва Гулороро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, барояш сару либос ва ороишот мехарид. Яхдонашон ҳамеша пури хӯрданиҳои лазиз буд, Гулоро низ худро пур карда, сафеду тозатар мешуд. Дар як ҳафта ду рӯз шанбею якшанбе ҳамроҳи шавҳараш ба бозор мебаромад ва дар савдо кардан ба вай ёрӣ мерасонд. Забир дар як моҳ як бор ду ё се рӯз ба деҳа ба назди зану фарзандонаш мерафт ва дар ҳамин гуна рӯзҳо Гулоро бо як ҷавони донишҷӯ, ки ҳамсоли худаш буд, шинос шуд ва рақамҳои телефонашро дод...
Далери Хайриддин Тоҷикистонро тарк кардааст?
...Ҳатто чанд маротиба бо хоҳиши худ барои аз кор рафтан ба ансамбли “Дарё”-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза ҳам навиштам. Баъдан, ана ҳамин меҳру муҳаббати мухлисонам нагузошт, ки аз онҳо дур бошам”-гуфтааст Далери Хайриддин. Овозхон дар идомаи суҳбаташ афзудааст, ки дар ояндаи наздик нияти барпо кардани барномаи консертиро дорад ва дар баробари тиҷорат, мисли дигар ҳунармандон аз пайи омода намудани сурудҳои нав ба нав аст...
Хиёнати падар модарамро кушт
...Аз шунидани ин суханҳо аз ҳуш рафтам. Он рӯз гузашт ва то чанд муддат чун девонаҳо ҳеҷ ба худ наомадам. Ҳамин, ки аҳволам хубтар шуд, ҷӯёи ҳақиқат шудам. Модари ман Асмоа, дугонаи даврони кӯдакие доштааст, бо номи Ҳилола. Модарам дар пойтахт арӯси оилаи обрӯманде мешаваду Ҳилоларо бо роҳбарии худаш ба амакам медиҳад ва мехоҳад, ки ин дӯстӣ ҳеҷ гоҳ канда нашавад. Вақте Ҳилола фарзанди сеюмашро таваллуд мекунад, амакам аз бемории саратон аз дунё мегузарад. Модарам чун фарзанди падар дар бари дугонааш рост истода, барои кӯдакони ӯ падар мешавад...
Матлуба Раҳимова бо шавҳараш хушбахт аст?
...Шавҳари овозхон писараммааш Умед Ашӯров буда, ӯ низ нобиност ва дар бахши фарҳанги ноҳияи Ёвон ба ҳайси овозхон фаъолият мекунад. Ҷуфти ҳунарманд феълан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд ва Умед дар ду-се рӯз як маротиба ба ҷои кораш меравад. “Ману шавҳарам дар як авлод ба дунё омадем, дар як синф чор-панҷ соли аввал таҳсил кардем. Вақте мактабро хатм намудем, ҳамкасбу ҳамкор шудем. Ишқи давраи бачагиву наврасии мо ба як ишқи бузург табдил ёфт ва ҷозибаи ин ишқ моро ба ҳам овард...
8 маслиҳате, ки ҷавоби 100 малҳамро медиҳад
...Ҳар бегоҳ як соат қабл аз хоб ба рӯятон маҳлули аз омехтаи глитсерин ва витамини Е омодашударо молед. Барои 30 мл глитсерин 10 капсула витамини Е лозим аст. Аввал пӯсти рӯйро тоза карда, бо чуткачаи мулоимак тавре маҳс кунед, ки пӯст андаке сурх шавад. Дар ин ҳол ҳуҷайраҳои пӯст моддаҳои ғизобахшро ба тамом ҷабида мегиранд. Ҳар бегоҳ молидани ин маҳлул боиси ҳамвор гаштани чинҳо ва ботароват гаштани пӯсти рӯйи шумо мегардад. Ин маҳлул чинҳои атрофи чашмро низ ҳамвор месозад...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 8-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 24-уми феврали соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!