Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон норасоии ҷой ва навбатпойиҳо дар боғчаву кӯдакистонҳои кишварро тасдиқ кард ва гуфт, ки барои барои ҳалли ин мушкилӣ "садҳо кӯдакистон сохтан зарур аст".
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар панҷ соли оянда сохтмону ба истифода додани зиёда аз 800 муассисаи томактабӣ зарур аст, ки корҳо дар самт идома дорад.
"Ҳоло "Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2026-2030" қабул шудааст ва мо дар куҷо заруртар будани сохтмони онҳоро баррасӣ дорем”,- илова намуд вазир.
Масъали дигаре, ки дар нишасти матбуотӣ садо дод, навбат истодани волидайн ҳангоми ба боғча мондани кӯдакон мебошад. Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе ноҳияҳо нисбат ба муассисаҳои давлатӣ, кӯдакистонҳои хусусӣ бисёртаранд, вале на ҳама оилаҳо имкон доранд, ки дар як моҳ барои кӯдакистони хусусӣ масалан, 1000 сомонӣ ва зиёдтар аз он пардохт кунанд.
“Дар кӯдакистонҳои хусусӣ пардохти моҳона аз 1000 сомонӣ зиёдтар буда, на ҳамаи оилаҳо ба ин имкон доранд. Оилаҳое ҳастанд, ки бо ин маблағ як моҳ зиндагӣ мекунанд. Аксари волидайн маҷбуранд, ки якчанд моҳ интизор бошанд, то ки фарзандашон ба кӯдакистон қабул шавад”,- мегӯяд Назокат, ки духтарчаашро танҳо баъди се моҳ аз замони пешниҳоди ариза ба кӯдакистон қабул кардаанд.
Аз Вазорати маориф ва илм шарҳ доданд, ки пардохти моҳона дар кӯдакистонҳои хусусӣ аз ҷониби ин ниҳод муқаррар ва мувофиқа намешавад. Он танҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорат, аз 1-уми январи соли 2026 пардохти моҳона барои хидматгузорӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ зиёд шуда, акнун волидон ба ҷойи 150 сомонии пешина 156 сомонӣ пардохт мекунанд.