Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз пайдо шудани ҷасади як кӯдаки 10-сола хабар дод.
Писарча сокини деҳаи Кӯлоботи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон буда, рӯзи 1-уми июни соли 2024, тахминан соати 13:30 ҳангоми оббозӣ дар канал ғарқ шудааст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои анҷом додани корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, аммо ҷустуҷӯ то торик шудани ҳаво идома ёфта бошад ҳам, натиҷа надодааст. Рӯзи 2-юми июн, субҳи барвақт корҳои ҷустуҷӯӣ аз нав шуруъ шуда, соати 10:07 ғаввосони КҲФ ҷасади писарбачаро 800 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда, аз об баровардаанд. Ҷасади кӯдак ба наздиконаш супурда шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар 5 моҳи соли равон 52 нафар дар обҳои кишварамон ғарқ шудаанд, ки аз ин теъдод 21 нафарашон кӯдакону наврасони то 17-сола будаанд.
Ба хотири пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинони кишвар, махсусан падару модарон хоҳиш мекунад, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд.