Дар тӯли 4 моҳи соли равон 56 нафар бар асари ҳодисаҳои нохуш ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки аз 1-уми январи соли 2026 то оғози моҳи май 8 нафар бар асари сел ва дигар офатҳои табиӣ - 3 кас дар пайи фаромадани тарма ва ярч, 1 кас дар пайи сангрезӣ, 1 кас дар пайи раъду барқ ва 3 нафар дар пайи селу обхезӣ ҷон бохта, 36 тан бо сабабҳои гуногун дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки 18 нафарашон кӯдакон ва наврасон мебошанд.
Дар ин давра ҳамчунин ҷасади як шахси бедаракшударо пайдо кардаанд ва боз як ҷасади дигар бо аоматҳои марги мармуз дарёфт шудааст.
Дар ҷумҳурӣ дар ин давра 9 ҳодисаи худкушӣ ва 9 ҳолати марг бар асари садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.