Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сар задани ду ҳодисаи нохуши ғарқ шудани кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат хабар додааст.
Фоҷиаи аввал рӯзи шанбе, 25-уми май дар деҳаи Қизилсӯи ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор рӯй дода, як духтарчаи 12-сола қурбони сел гаштааст. Ба иттилои манбаъ, духтарча ҳамроҳи падараш барои чарронидани чорво ба кӯҳ подабонӣ рафта, зери маҷрои сел мондааст. Ҷасади ин духтараки нокомро аз деҳаи Лангари ноҳияи Шамсиддини Шоҳин пайдо кардаанд.
Фоҷиаи дуюм рӯзи якшанбе, 26-уми май дар Шаҳритус ба вуқуъ пайваста, бо сабаби бепарвоии калонсолон як духтарчаи 6-сола дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз ёфтаанд, вале ҷасади кӯдак то ҳол пайдо нашудааст.
Бори дигар аз тамоми падару модарон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки фарзандони худ, махсусан кӯдакони ноболиғро беназорат ва ҳаёти онҳоро зери хатар нагузоранд.