arzon replenishment
Дар Шаби Қадр то саҳар нахуфтан шарт аст?
26.04.2022
ОИЛА
1030

Ёд дорам, вақте ки мо кӯдак будем, модаркалонам дар бораи шаби қадр нақлҳои аҷоибу ғароиб карда, мегуфтанд, ки ин шаб бисёр шаби муборак аст ва агар одам то саҳар шабзиндадорӣ карда, худоро ёд кунад, худованд дуояшро мустаҷоб мегардонад ва ба чизе, ки даст расонад, зар мешавад. Намедонам ин гуфтаҳо то куҷо ҳақиқат доранд, аз ҳаимн хотир донистан мехоҳам, ки дар Шаби Қадр одами мусалмон бояд чи корҳоро анҷом диҳад. Оё дар шаби Қадр то саҳар нахуфтан шарт аст?
Дӯстмурод, сокини ш. Душанбе.
Посух
Бародари азиз! Албатта нақлҳои модаркалонатон дар бораи он ки дар шаби қадр ба чизе даст расонӣ, тиллову зар мешавад, афсона ҳастанд, вале Шаби Қадр дар ҳақиқат яке аз беҳтарин шабҳои моҳи мубораки рамазон буда, фоидаи он аз садҳо ганҷинаи зару зевар бештар аст. Касе, ки ин шабро бо ёди парвардигори олам саҳар намуда, то субҳ зикри худо ва тоату ибодат мекунад, гуноҳҳояш бахшида шуда, Аллоҳи меҳрубон фардои қиёмат дар равзаи биҳишт ҷояш мекунад, албатта ба шарте, ки тоату ибодаташ аз сидқи дил бошад ва гуноҳҳои гузаштаро дигар такрор накунад.
Шумо мепурсед, ки оё дар Шаби Қадр шабзиндадорӣ кардану то саҳар нахуфтан шарт ва зарур аст?
Шабзиндадорӣ гуфта то саҳар бо аҳли оила беҳуда чақ-чақ кардан ва ё интернетбозӣ кардан ягон фоидаву суд надорад. Шабзиндадорӣ ба манфиати шумо хоҳад буд, агар вақтро беҳуда зоеъ накарда, то саҳар қуръон тиловат намоед, ибодат кунед ва дар зикри худованд бошед. Махсусан намоз гузоридан дар шабҳои моҳи мубораки Рамазон ва бахусус шаби Қадри савоб аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД