35 years of independency
Дар 10 рӯз беш аз 6 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ карданд
26.10.2026
Оила
92

Дар 10 рӯз беш аз 6 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ карданд

Мақомоти вилояти Маскави Русия дар доираи амалиёти «Нелегал-2026» ҳукми ихроҷи 6 ҳазору 559 шаҳрванди хориҷиро содир кардаанд.
Ба иттилои хабаргузории ТАСС, амалиёт аз 1 то 10-уми октябр баргузор шуда, дар ин муддат нисбати 18 ҳазору 615 шаҳрванди хориҷии дигар қарори манъи вуруд ба Русия қабул шудааст.
Дар ҷараёни амалиёт беш аз 16 ҳазор мавриди вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ошкор гардидааст. Ҳамчунин, нисбати корфармоёне, ки муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба кор ҷалб кардаанд, 2 ҳазору 393 парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, дар натиҷаи амалиёт 255 миллиону 600 ҳазор рубл ҷаримаи маъмурӣ ситонида шудааст.
Мақомоти Русия ҳадафи амалиёти «Нелегал-2026»-ро мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурию ҷиноятӣ дар ин соҳа арзёбӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД