Дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 750 мутахассиси ҷавон омода карда шудааст. Инчунин, ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи ҷумҳурӣ ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ворид карда шудааст. Ҳамзамон, татбиқи ин Стратегия дар 100 муассисаи таълимии мамлакат оғоз гардидааст.
Дар ин хусус 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода зимни баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» иттилоъ дод.
«Ворид намудани зеҳни сунъӣ дар низоми маориф на танҳо як иқдоми инноватсионӣ, балки қадами муҳим ба сӯи таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва мутобиқсозии таълим ба талаботи замони муосир мебошад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки насли нав бо донишҳои рақамӣ шинос шуда, дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир гарданд»,- изҳор дошт муовини якуми Сарвазири мамлакат.