Fanta Citrus
ДАНИЕЛ СИНГЕР: ТАКРОРАН ХУРӮҶ ЁФТАНИ КОРОНАВИРУС ДАР НАЗАР АСТ!
2041

6-май соати 13:00 пресс,-брифинги телефонии журналистон бо директори минтақавии Марказҳои ИМА оид ба назорат ва тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳо (CDC) дар Осиёи Марказӣ Даниел Сингер доир гардид.

Духтур Сингер қайд намуд, ки 6,8 миллион долларе, ки давоми ду соли навбатӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷудо шудаанд, барои харидани таҷҳизот, ба роҳ мондани таълим, осонтар намудани ҳамкорӣ барои аз худ кардани ин беморӣ ва дастгирӣ кардани вазирони тандурустии минтақа дар мавриди ба роҳ мондани иқдому амалҳои чашмрас баҳри муҳофизати шаҳрвандони кишвари худ аз ин беморӣ.

CDC аз 6,8 миллион доллар 1,68 миллион ба Қазоқистон, 1,38 миллион ба Қирғизистон, 2,07 миллион ба Узбекистон ва 1,69 миллион долларро ба Тоҷикистон ҷудо кард. Ин қисмат маблағгузорӣ фақат аз ҷониби CDC буд Ҳукумати ИМА аз ин миқдор то дараҷае зиёдтар маблағ дода буд.

Дафтари CDC, инчунин дигар идораҳои минтақавии ИМА дар ҳар як кишвар бо ҳар як вазирони тандурустӣ барои амалӣ шудани нақшаҳои пешбинишуда кор мекунанд. Тасмим гирифтем, ки бо арзиши миллионҳо доллар таҷҳизоти лозима барои лабараторияҳои миллии кишварҳои мазкур харида шавад, то ки онҳо имконияти гузаронидани тест барои муайян намудани COVID-19-ро пайдо кунанд.

CDC аввалин дафтари кориашро 25 сол қабл дар Осиёи Марказӣ кушода буд.Имрӯз мо дар беш аз 50 кишвар фаъолият дорем, аз ҷумла дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон. Фаъолияти созмони CDC ба самти ҳифзи саломатӣ равона шудааст. Дар CDC мутахассисони касбии соҳаи тандурустӣ кору фаъолият доранд. Мақсади CDC ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ ҳаст, то ки вазъи саломатии ҷамъият пеш бурда шавад ва ҳангоми авҷ гирифтани беморӣ аксуламал нишон диҳад.

Чун ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон зуд паҳн шуд, ин маблағгузории ИМА дар соҳаи тандурустӣ натанҳо ба хотири сокинони Осиёи Марказӣ, балки баҳри ҳифозати саломатии аҳолии ИМА ва аҳли инсонияти олам аст.

Муносибати кишварҳои минтақа бо COVID-19 ва маҳдуд намудани ҳаракат раванди паҳн шудани вирусро то дараҷае кам кард. Ҳамаи кишварҳои олам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки таъсири вирусро кам кунанд ва инчунин, баҳри кам намудани таъсири манфӣ ба иқтисодиёти кишвар чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд. Дар ин замони ҳасос ба ҳаёти тамоми инсонҳо муҳим ҳаст, ки ҳамкориро дар самти табодули иттилоъ, дасгирии ҳамдигар, кор кардан тибқи меъёри амнияти тандурустии умумиҷаҳониро ба роҳ монем. Дар ин росто барои нест кардани ин беморӣ ва кам кардани талафоти ҳаёти инсонӣ хулосаи асоси илмидоштаро барорем.

Журналист: Чаро дар ИМА қисми зиёди сироятшудагон аз бемории коронавирус дида мешавад, ҳол он ки аҳолии Ҳиндустон 1,3 миллиардро ташкил медиҳад, вале ҳолати сироятёбии дар он ҷо нисбатан кам аст?

Даниел Сингер: Ин саволи хуб ҳаст ва ҳангоми дар мавриди вирус гап задан ва муқоиса кардани омор бояд ин фактро ба назар гирифт, ки оё ҳамаи сироятшудагон аз ташхис гузаштаанд ё на?

Ба фикри ман ин вирус хеле аҷиб аст. Аз рӯйи нишонаҳои паҳншавӣ ва хислати худ COVID-19 аз дигар оилаҳои коронавирус ба куллӣ фарқ мекунад. Инчунин айён аст, ки бисёрии одамон метавонанд сироят ёбанд аммо ягон нишонаи бемориро надошта бошанд, инчунин қисми зиёди одамон ҳолати сабуки ин бемориро дошта бошанд, онҳо ҳатто дарк намекунанд, ки мубталои коронавирус шудаанд.

Яке аз сабабҳои бисёр будани ҳолати бемории коронавирус дар ИМА ин аст, ки дар масъалаи тест мо хеле ҷиддӣ муносибат дорем ва шоҳиди он гаштем, ки шумораи аз ҳад зиёди одамон нишонаҳои коронавирусро надоранд, вале тест нишон дод, ки сироят ёфтаанд ва онҳое, ки дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд, аксарияташон ҳолати сабуки COVID-19-ро доранд. Дар муқоиса бо ИМА Ҳиндустон сари ҳар як ҳазор нафари аҳолияш тест нагузаронд, аз ин лиҳоз муайян карда наметавонад, ки дар ҳаҷиқат чанд нафар сироят ёфтааст. Фарқияти дуюм байни ИМА ва Ҳиндустон дар демография ҳаст. Агар муқоиса кунед, аз рӯйи синну соли аҳолӣ Ҳиндустон нисбат ба ИМА нисбатан кишвари ҷавонтар аст. Ин беморӣ нисбат ба ҷавонон дар организми одамони калонсол вазнинтар мегузарад. Хуллас, дар ҳамаи ҳолатҳо омори аниқро дар мавриди сироятшудагон дар кишварҳо миқдори тестҳо нишон медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир намудҳои гуногуни тести PCR ва Express Test дастрас аст.Тафовут ин аст, ки тести PCR РНК-и вирусро, яъне коди гинетикии худи вирусро муайян мекунад. Express Test бошад, дар маҷмӯъ муносибати ҷисми инсон ба вирусро нишон медиҳад, барои ин 7-рӯз лозим меояд. Аз ин бармеояд, ки дар муддати як ҳафта шахси сироятшуда надониста дигар одамонро низ сироят кунад ва экспресс тест то як ҳафта натиҷаи ташхисро манфӣ нишон додан мегирад.

Маҳз ба ҳамин хотир мо дар зинаи аввал барои муайян кардани беморӣ истифодаи тести PCR-ро тавсия медиҳем, чунки он дар ҳама ҳолатҳо, ҳатто агар ягон нишонаи вирус дар одам дида нашавад, мавҷудияти коронавирусро дар организм нишон медиҳад.

Мушкилот дар он аст, ки айни замон ширкатҳои гуногун намуди гуногуни тестҳоро истеҳсол мекунанд ва сифати тест дар бозор бениҳоят фарқкунанда аст. Ҳангоми гирифтани тест ҳушёр будан даркор аст ва онро бояд аз сарчашмаи мӯътамад дастрас кард.

Бинобар гуфтаи намояндаи CDC, ӯ аз вазъи саломатии хешовандони кӯҳансолаш нигарон аст ва нисбат ба бемории COVID-19 ҷиддӣ муносибат дорад.

"Дар мавриди мавҷи дуввуми тирамоҳии чизе гуфтан мушкил аст, чунки дар мавриди паҳншавии бемориҳои респираторӣ маълумот дорем, аммо ин вирус аз дигарон олитар аст. Аксари коронавирус дар мавсими хунукӣ паҳн мешуданд. Аммо на ҳама онҳо. Барои мисол ҳастанд вирусҳое, ки дар ҳавои гарм хурӯҷ меёбанд. Барои ҳамин қоидаи муайян нест. Мо аниқ гуфта наметавонем, ки дар фасли тирамоҳ вазъият чӣ гуна мешавад. Мо хавотирем, ки мумкин пас аз кам шудани беморӣ он такроран хурӯҷ ёбад"-қайд намуд Даниел Сингер.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2