Ман қабл аз шавҳаркунӣ бо Далер ном ҷавоне муносибати ошиқона доштам, вале ба дағаливу беҳурматияш тоб наовардам ва мо бо розигии якдигар ҷудо шудем.
Баъди 3 ҳафтаи қатъ кардани муносибатҳои ошиқона, ман ба шавҳар баромадам. Шукри Худо, зиндагиям хуб аст, шавҳарамро дӯст медорам, вале вақтҳои охир Далер пайдо шудаасту ба телефонам паёмак менависад. Вақте рақамҳояшро “блок” кардам, боз аз рақамҳои бегона занг мезанад. Рақами телефонамро иваз кардан намехоҳам, чунки шавҳарам розӣ нест. Нишонии хонаи шавҳарамро аз куҷое ёфта, бо мошинаш омада, соатҳо дар зери бинои истиқоматиямон меистад ва ба телефонам паёмак навишта, таҳдид мекунад, ки “агар худи ҳозир ба наздам нафароӣ, худам ба хонаат меравам”. Чанд маротиба ба пушти дарам туҳфа оварда монд, вале онро зуд бурда партофтам.
Чӣ кор карданамро намедонам. Метарсам, ки маро дар назди шавҳарам туҳмат карда, хонаамро вайрон накунад. Азбаски акаву додар надорам, касе нест, ки маро пуштибонӣ намояд.
Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Хонандаи Oila.tj