Овозхони маъруфи тоҷик Далер Назар 26 декабр дар Маскав консерт медиҳад. Дар ин бора продюсери сароянда дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон нашр кард.
Ба навиштаи продюсер, ҳадафи консерт имкони фароҳам овардани шароит ҷиҳати муаррифии фарҳанг ва мероси ғании форсӣ барои меҳмонон ва ташкили фазои ватан барои муҳоҷирон мебошад.
Ӯ мақсади интихоби Москваро ошно кардани русҳо ва дигар халқиятҳо бо Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ва ғановати фарҳангиву зебоии он гуфт.
Ба таъкиди ин эълон, намоиши афсонавии мусиқии зинда дар толори маъруфи “Известия” дар майдони Пушкинская барпо мегардад.
Ба иттилои продюсер, баъди ин консерт ҳунарманд дар Душанбе низ консерт медиҳад. Баргузории ин консерт дар охири моҳи январ дар толори консертии “Кохи Суруш” дар назар аст.