arzon replenishment
Даҳаи миллии дастгирии синамаконӣ дар Тоҷикистон
01.08.2024
ОИЛА.ТҶ
780

Имрӯз, 1-уми август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти унвони “Аз байн бурдани фосила дар синамаконӣ. Дастгирӣ намудани синамаконӣ барои ҳамаи занон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар мизи мудаввар масъулини вазорат, шарикон оид ба рушд, намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, ки самти фаъолияташон ба солимии модару кӯдак равона шудааст, иштирок намудаанд.

- Тавре иттилоъ дода шуд, таҳлили солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронидашуда нишон медиҳад, ки додани шири модар ба кӯдак солҳои пеш 34 фоизро ташкил медод ва дар айни замон он ба 41 фоиз расидааст. Инчунин додани шири сунъӣ ба кӯдакон дар деҳот бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, хосатан дар байни занон бештар намудааст. Зеро кӯдаконе, ки аз ҳама бештар шири сунъӣ истеъмол мекунанд, то 10-15 маротиба зиёдтар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1994 дар соҳаи дастгирӣ ва ёрӣ дар синамаконии атфоли навзод корро оғоз кардааст. Бинобар ин, аз соли 1998 сар карда то кунун дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи муваффақонаи синамаконии атфол амалӣ мешавад. Ҳамзамон дар ин самт дар кишвар “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025” таҳия ва айни ҳол амалӣ шуда истодааст.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак - ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то 2-солагии кӯдак ба ҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-рӯҳии кӯдаконро дар бар мегирад.

- Синамаконӣ на танҳо барои модарон ва кӯдакон муҳим аст, балки ин амал сармоягузории оқилона низ ба ҳисоб меравад. Фоиданокии шири сина дар баробари дигар узвҳо, пеш аз ҳама ба майнаи сари кӯдак мерасад. Аз нуқтаи назари олимони соҳаи тандурустӣ, кӯдаконе, ки шири модар зиёд хӯрдаанд, майнаи сарашон босуръат рушд мекунад. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзи дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад,- зикр менамояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7-уми август Ҳафтаи дастгирии шири модар баргузор гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб ин маърака ҳамчун Даҳа аз 1 то 10-уми август доир карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД