goodwell
Даҳ қоидаи хушбахтӣ барои арӯсакон
02.05.2026
Oila.tj
47

Вақте ки ман арӯс шуда ба хонадони шавҳарам омадам, ягон кори занона аз дастам намеомад, чунки дар хонаи модарам сето келин доштем. Ҳамаи кори хона бар дӯшашон буд, ба ман намерасид.

Субҳи аввали арӯсӣ хобам бурдааст. Бинам хушдоманам дарро тақ-тақ карда, дар дасташон як табақ гӯштбирён даромаданд. Ман шарм карда аз ҷоям парида хестаму салом додам. Хушдоманам хандида гуфтанд, ки «духтарам, дар хонаатон ҳар саҳар соати чанд мехестӣ?».

Гуфтам, ки «ҳар вақте янгаҳоям бедорам кунанд…».

Баъд хушдоманам гуфтанд:

- Рав бачам, дасту рӯятро шӯй, баъд суҳбат мекунем.

Шавҳарам рӯйи кати ҳавлӣ нишаста, гӯштбирён мехӯрд. Маро дида, табассум кард.

- Чаро маро бедор накардед, дар назди холаам шарманда шудам,-гуфтам оҳиста.

- Хостам бедорат кунам, очаам намонданд,- гуфт шавҳарам.

Ман аз шарм гап назадам.

Дасту рӯямро шуста баргаштам ва бо хушдоманам сари миз нишастем. Бо меҳрубонӣ, дар танҳоӣ хушдоманам пурсиданд:

- Мехоҳӣ, ки як умр хушбахт бошӣ бо писарам?

Шармида, сар ҷунбонидам.

Хушдоманам бошад, бо меҳурбонӣ гуфтанд:

- Ба ту чанд насиҳат мекунам, иҷро кунӣ, дар зиндагӣ сарбаланд мешавӣ, накунӣ, ҳаволаат ба Худо.

Сарам хам, бо аломати тасдиқ истодам.

Ва хушдоманам гуфтанд:

Якум, духтарам, аввали аввал ба покизагиву зебогии худат аҳамият деҳ. Ҳеҷ гоҳ пеши шавҳар бо хилъати чиркину рӯйи ношуста набош.

Дуюм, ману хусуратро пеши шавҳарат ва дар ғоиби ӯ ҳурмат кун, бачам, то дуо гирӣ. Одамизод аз дуо месабзад. Дигар ин ки ҳар мард ба зане, ки падару модарашро эҳтиром мегузорад, бештар муҳаббат пайдо мекунад.

Сеюм, ҳар субҳ барвақт хеста баъди намоз кори хонаро ба анҷом расонида, барои шавҳарат субҳонаи дӯстдоштаашро бипаз.

Чаҳорум, ҳеҷ гоҳ ба шавҳарат бегоҳиҳо баъди аз кор омаданаш нагӯй, ки чаро дер омадӣ? Ё напурс, ки имрӯз дар куҷо будӣ?

Панҷум, хешовандони худатро бо хешони шавҳарат як хел бидон. Фарқият нагузор.

Шашум, ҳоло, ки ту ягон корро намедонӣ, омӯзишро бароят аз намоз сар мекунам. Бояд дар қалбат нури имон бошад.

Ҳафтум, ба болои ҳарфи шавҳарат гап нагардон, ба ҷое, ки иҷоза надод, нарав. Дар қалбаш оташи рашкро фурӯзон накун, ки оқибат надорад.

Ҳаштум, беш аз ҳад талаб накун. Дар доираи имконоти шавҳарат зиндагиро ба роҳ мон ва ба ӯ таъкид накун, ки дар зиндагиатон камбудӣ зиёд аст.

Нуҳум, гапи хонаро ба кӯча набарор.

Даҳум, ба шавҳарат бовар кун. Ангеза бидеҳ, ки дар ҳама кор муваффақ шавад. Зиндагиро шумо якҷо месозед, бе якдигар шумо кор карда наметавонед.

- Ана ин, даҳ қоидаи хушбахтӣ аст, духтарам, ки мо аз модарамон шунидем ва имрӯз ба ту мегӯям. Аз рӯйи ҳамин даҳ қоида зиндагиатро ба роҳ мон. Иншоаллоҳ муваффақ хоҳӣ шуд.

Ман бисёр шарм кардам, ки чаро модарам дар хона маро ин қадар ноуҳдабаро калон кардааст ва боре ҳам чунин насиҳатҳоро ба ман накардааст.

Вале хушдоманам модари дувуми ман шуданд. Аз эшон тамоми нозукиҳои ҳунари кадбонугӣ ва дӯзандагиро омӯхтам. Ногуфта намонад, ки хушдоманам дӯзандаи машҳуранд.

Хуллас, аз як духтари хоболуди танбал, ба чунон як зани бамаънӣ табдил ёфтам, ки ҳатто модарам сахт дар тааҷҷуб монданд.

Ҳоло ман хушдоманам ва якто келин дорам. Келинамро аз рӯзи аввали арӯсиаш хушдоманкалонаш, яъне модари шавҳарам ба роҳи зиндагӣ дуо доданд.

Ҳоло хушдоманам 87 сол доранд, вале хеҷ гоҳ бекор намешинанд. Таъкид мекунам, ки ”очаҷон, шинед, аз давлати писарону набераҳо роҳат кунед...”. “Ман агар бекор шинам, бемор мешавам” мегӯянд.

Зиҳӣ чунин хушдоманҳои меҳрубон!

САНАВБАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД