sebiston july new
CУҲБАТИ ОШКОРОИ ГУЛБАҲОР ШОКИРОВА АТРОФИ БЕМОРИЯШ COVID-19
3089

Гулбаҳор Шокирова, овозхони хушсадои ансамбли овозадори “Шашмақом”, ки 14 рӯз қабл бо ташхиси бемории пневмония ҳамроҳи модараш ба беморхона афтида буд, имрӯз баъди бо кӯмаки табибони ҳозиқ пурра шифо ёфта, ба хонаашон баргаштаанд. Хабарнигори Оила барои фаҳмидани асли воқеа ба овозхон дар иртибот гашт. 

-Салом, Гулбаҳор, ман Рустам Азимӣ, журналисти  “Оила”...
-Шуморо шинохтам... “Оила”-ро кӣ намешиносад?! Дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-и шумо ширкат варзида будам...

-Гулбаҳор, шунидем, ки бемор шудаед...?
-Мутаассифона, чунин буд вале бо инояти Худованд ману модарам шифо ёфтем.

-Шумо дар кадом беморхонаи кишвар табобат гирифтед?

-Дар беморхонаи шаҳри Ҳисор таҳти назорати табибон қарор доштем ва бо табобати духтурони ҳозиқи онҷо дубора ба пой хестем.

-Рост аст, ки коронавирус шудаед ва ин беморӣ чӣ гуна пайдо шуд, қисса мекардед? 

-“Бо модарам муддати 8 - 10 рӯз худро сахт бемор ҳис мекардем. Моро набудани иштиҳо, баландшавии ҳарорати бадан, бо душворӣ нафас кашидан, беҳаракат мондан ва бемадории умумӣ азият медод. Бо зиёдшавии ин шикоятҳо ба Маркази саломатии шаҳрии рақами 9 дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардем. Пас аз муоина моро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор оварданд. Мо бо ташхиси бемории сирояти шадиди роҳҳои нафас, равиши миёна бо оризаи илтиҳоби шушҳо табобат гирифтем.

-Аз куҷо сироят ёфтанатонро муайян кардед?
-Аз куҷо сироят ёфтанамон маълум нест, намедонам ин дарди қаттол чӣ гуна ба ману модарам часпид...

-Нишонаҳои аввали беморӣ чӣ гуна буд?
-Ин беморӣ аввал модарамро, ки дар хонаи ман буданд, аз пой афтонид ва баъдан худам нотоб гаштам. Вақте ки таббам баланд шуда, сулфаи хушк, дарди гулӯ ва дилбеҳузурӣ пайдо кардам, ёрии таъҷилӣ даъват кардем. Ташхиси табибон нишон дод, ки ману модарам гирифтори бемории коронавирус гаштаем. Азбаски дар беморхонаҳои пойтахт ҷой набудааст, моро дар беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор бистарӣ намуданд.

-Баъди доруву дармон саломатиятон рӯ ба беҳбудӣ овард?
-Бале, пурра шифо ёфта ба хонааамон баргаштем.

-Дар беморхона гирифторони коронавирус зиёд буданд?
-Беморон зиёд буданд, вале ман намедонам, ки онҳо гирифтори коронавирусанд ё не. Духтурон такудави зиёд намуда, ҷони беморонро аз панҷаи марг раҳо мебахшанд. 

- Духтарчаатон чӣ ҳол дорад?
-Духтаракам ҳолаш хуб аст. Мо сари вақт ба духтурон муроҷиат кардем ва шукри Худованд, ки ин беморӣ ба духтарам асар накардааст.

-Маълум мегардад, ки хизмати сафедпӯшони қаҳрамон буд, ки шумову модаратон аз ин вабои қаттол раҳо ёфтед?

-Аз Табибон Ашӯров Беҳрӯз, Шоев Саидҷон миннатдорем, ки шабӣро шаб нагуфта рӯзро рӯз нагуфта дар бари мо буданду моро табобат намуданд. Ҳамшираҳои шафқат Тағоева Мавлуда, Хоҷаева Соҷида, Алиева Хислат, Ҷабирова Адолат бо навбат ҳамеша дар паҳлӯи мо буданд. Ҳамарӯза се маҳал моро бо хӯроки парҳезӣ, қисман бо дорувориҳои зарурӣ ба таври ройгон таъмин намуданд. Суханони тасаллибахши табибон ва меҳрубонии ҳамшираҳои шафқат боис гашт, ки саломатии мо зуд рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

-Айни ҳол, ки дар хона қарор доред, албатта зери назорати духтурони оилавӣ будагистед?

-Бале зери назорати табиби оилавӣ Мамадҷонова Саёҳат Неъматҷоновна ва ҳамшираи шафқат Дилбар Кучибойзода қарор дорем. Аз хубиҳои кардаи табибони номбурда сипосгузорем. Дастатон ҳаргиз дардро набинад шифокорони азиз! Ҳамчунин аз ҳамаи ононе, ки барои шифо ёфтани ману Модарам дуои хайрхоҳона доштанд, ҷовидона сипосгузорам”-навиштааст овозхон.

 -Дар охир ба мардуми тоҷик ва мухлисонатон чӣ гуфтаниед?

-Бемории коронавирус тамоми сокинони кишварро ба таҳлука овардааст, инро ҳамагон нағз медонанд. Барои пешгирӣ аз ин вабо ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиениро риоя намуда, аз ниқобу дастпӯшакҳои тиббӣ истифода кунад ва дар ҷойҳои серодам гаштугузор накунад. Саломатии ҳар як шахс дар дасти худаш аст. Бинобар ин, худу наздиконатонро эҳтиёт намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД