arzon replenishment
COVID-19: Чаро мурдаҳоро селофанпеч мекунанд?
2834

Фақат садост, ки ҷовидона мемонад

... “Хуле душвор буд, гардонидани “Сапеда”. Аввал ин ки ман хеле ҷавон будам, бинобар ин, масъулияти зиёд талаб мекард. Дигар ин ки барнома соати 6-и субҳ мустақим мебаромад ва ман маҷбур будам, ки соати 4 бедор шуда, ҳанӯз рӯз нашуда, ҷониби телевизион давам”,-ба ёд меовард, фаъолияти худро наттоқи маъруф...

“Оила” аз Мунира Ҳакимова ёд мекунад. Матлаби мазкурро ба пуррагӣ аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа кунед!

Нурҳои офтоб дар 15 дақиқа коронавирусро нобуд мекунанд!

...Агар дар гармӣ пуртоқат бошанд ҳам, (тадқиқотҳо дар ин бора гуногунанд), вале дар муддати 15 дақиқа аз нурҳои ултрабунафш нобуд мешаванд. Чунин нурҳо дар офтоби тобони сарзамини мо кам нестанд. То ин ки ба вирус омилҳои марговари табиат таъсир намоянд, он бояд дар муҳити хушк, ҳавои тоза ва зери офтоб монад...

Андешаҳои мудири кафедраи эпидемиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб Ниёз Одинаевро дар бобати коронавирус аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Баъди 30 сол дар Фаронса таваллуди шашгоник ба қайд гирифта шуд

... Дар натиҷаи пайдо шудани мушкилӣ дар тухмдони зан, табибон маҷбур шудаанд, ки дар ҳафтаи 25-уми ҳомиладорӣ кӯдаконро наҷот диҳанд. Ба хотири соқу саломат ба дунё омадани кӯдакон 30 мутахассиси соҳибтаҷриба ҷалб шуда, навзодон айни ҳол дар шӯъбаи эҳё қарор доранд ва бояд чанд муддат дар зери назорати табибон бимонанд...

Ин ва дигар матолиби ҷолиби ҳафтаи охирро аз шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед!

COVID-19: Чаро мурдаҳоро селофанпеч мекунанд?

...-Шахсоне, ки аз бемориҳои сироятии хатарнок, аз ҷумла короновирус фавтидаанд, гунаҳгор набуда, кафан кардану ҷанозаи ӯ бояд бо риояи қоидаҳои санитарӣ ва арҷгузорӣ ба маитҳо ба ҷо оварда шавад. Ҷудо кардани чунин майитҳо ба гурӯҳи алоҳида, яъне сироятёфтагон ё фавтидагон аз бемориҳои сироятӣ аз назари шаръӣ ҷоиз нест...

Суҳбати пурраи ҳамкорамонро бо намояндаи Раёсати фатвои кишвар Ҷамолиддин Хомӯшӣ аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед!

Очата бугӯ... Бобои Файз даргузашт

...“Президент бо ман суҳбат карданд, ташаккур гуфтанд, ин барои ман давлат аст, зеро бароям роҳ кушоданд. Вале ба ман касе хона надодааст, ҳатто ягон туҳфаи қимматбаҳо накардааст...”,-мегуфт, Бобои Файз. Вале солҳои охир Бобои Файзро дар маъракаҳои шоҳона зиёд дидан мумкин буд. Оё ин барои ӯ даромади калон меовард?...

Аз даргузашти донишманд ва овозхони шинохта Ҷӯрабек Назриев, ба коронавирус гирифтор шудани Зафар Абдуалимов то бемории Меҳрнигори Рустаму Орзугул Хӯҷамова ва шифо ёфтани Саъдии Бӯризод аз коронавирус дар саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила”.

Тамасхури қисмат

... Суман, ки аз саодати оилавӣ бенасиб буд, суханҳои гарму нарми мард дилашро обу адо карданду онҳо пинҳонӣ аз ҳама ақди никоҳи мусулмонӣ бастанд. Суман аз пайвандонаш шарм медошт, ки бори севум шавҳар карданашро гӯяд. Тақдирро бинед, ки дар чилу ҳафтсолагӣ Суман ҳомиладор шуду писар тавлид намуд, сари Ҷомӣ ба осмон расиду духтаронаш бо туҳфаҳои зиёд ба хабаргирии додаракашон омаданд...

Шакли пурраи қиссаро аз шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” бихонед ва “Оила”-ро аз тамоми дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо пурсон шавед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД