1xbet
Chrome-ро аз Google ҷудо кардан мехоҳанд
19.08.2025
Oila.tj
99

Вазорати адлияи ИМА аз додгоҳ хостааст, ки ширкати Google-ро барои фурӯхтани мурургари Chrome маҷбур кунад. Ба иддаои вазорат, ширкат қонунгузории зиддиинҳисориро нақз кардааст.

Соли гузашта додгоҳ қарор карда буд, ки Google дар самти ҷустуҷӯи интернетӣ монополия дорад ва бозори рекламаи рақамиро назорат мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, аллакай чанд харидор ба ширкати Google муроҷиат кардаанд. Стартапи Perplexity, ки ба ҷустуҷӯ дар интернет тавассути ҳуши маснӯӣ нигаронида шудааст, барои харидани Chrome 34,5 миллиард доллар пешниҳод кардааст. Чат-платформаи Sеаrch.сom бошад, 35 миллиард доллар додан мехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД