Табиати ба назар орому зебои кишварамон баъзан чунон сахт ба ғазаб меояд, ки ғӯрриши раъду барқ ва жолаву селборонаш натанҳо дар дил ҳисси тарсу ҳаросро бедор месозад, балки боиси талафотҳои зиёд низ мегардад.Ғазаби табиат метавонад инсонро ҳатто аз беҳтарин неъмати зиндагӣ-ҳаёт маҳрум гардонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сар задани як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Дарвози Бадахшони кӯҳӣ хабар додааст, ки боиси хисороти зиёд ва талафоти ҷонӣ гаштааст.
Тавре ки манбаъ менависад, санаи 12-уми июни соли равон, дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ дар паи раъду барқ як чӯпон бо 15 сар чорвояш ба ҳалокат расида, дар паи ин ҳодисаи нохуши табиӣ боз як зани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Бино ба гуфтаи ин ниҳод, дирӯз ҳангоми чаррондани чорво дар чарогоҳи Сафедсанги ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз раъду барқ сар шуда, аз зарбаи он чӯпони 27-сола, ки аслан зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон будааст, ба ҳалокат расида, бар асари ин ҳодиса 15 сар чорво низ талаф ёфтааст.
Инчунин як зани 43- соларо дар деҳаи Сағирдашти ноҳия Дарвоз дар рӯи ҳавлиаш раъду барқ задааст. Айни ҳол зан дар беморхнаи ноҳияи Дарвоз бистарӣ мебошад.