Хурӯҷи бемории COVID-19 бештар ба киссаи талбандаҳои сари роҳ зарари зиёд овард. Назар ба моҳҳои қаблӣ дар кӯчаҳои шаҳр имрӯзҳо қариб, ки шумораи зиёди одамонро дидан ғайриимкон аст. Ҳарчанд карантини умумӣ расман эълон нашуда бошад ҳам, қисми зиёди аҳолӣ, бахусус сокинони пойтахт ба хотири пешгирии сирояти бештари коронавирус дар хонаҳояшон нишаста, фосилавӣ кор карда истодаанд.
То 16-май дари хонаҳои сокинонро асосан кормандони хизматрасониҳои коммуналӣ, бонк, барқ ва ризокорони машғули корҳои фаҳмондадиҳӣ мекӯфтанд. Тайи 4-рӯз мешавад, ки ба ин гурӯҳ даркӯбҳо талбандаҳои сари роҳ ё маъмул бо лақаби "ҷӯгиҳо" замъ шудаанд. Табиист, ки захираи онҳо то ними моҳи май расид.
Қаблан ҳангоми талбандагӣ кардан фақат "1-сум Деҳ" мегуфтанд ва исрор менамуданд, ки "маблағ деҳ, хӯриш намехоҳам", ҳоло бошад дарри хонаҳоро кӯфта "нон ва ё ягон чизи хӯрданӣ диҳед" мегӯянд. Аз рафтори ғайримуқаррарии онҳо маълум мешавад, ки ҳақиқатан ба кӯмак ниёз доранд.
Имрӯз чанд маротиба дари хонаамонро кӯфтанд. Ба воситаи чашмаки дар нигоҳ кардам, ки ҷӯгизан бо кӯдаки дар бағалбудааш чанд дарро беист тақ-тақ мекунад. Агар ниқоб медошт, шояд дарро мекушодам ва ягон хайр мекардам. Мутаассифона ниқоб напӯшидааст ва ягон қоидаи гигиениро ҳам риоя намекунад. Як ҷузвдони калонро бо худ дошт. Бе дастпӯшак дастаки дари чандин хонаро расид. Кӣ медонад то нисфирӯзӣ бо чанд нафар рӯ ба рӯ гуфтугӯ карда бошад?
Пас аз рафтани он зан, 1-соат пас боз дари хонаро беист кӯфтанд. Дарро боз накардаму тавассути чашмаки дар духтарчаро, пурсон шудам, ки "Чӣ мехоҳед?" Дар ҷавоб кӯдаки тахминан 13-сола гуфт: "Апаҷон додарам аз гуруснагӣ мемирад. Агар илоҷ бошад, илтимос якто нон диҳед! Сахт гуруснаем!". Дилам сазт сӯхт. Медонам, ки онҳо низ дар ин ҳолат ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд. Ҳарчанд якрав бошанду бо рафтори якравонаашон асаби одамонро вайрон кунанд, лекин онҳо низ бандаи Худоянд. Хуллас, дидам, ки духтарча ниқоб пӯшида буд, вале дастпӯшак надошт, ба ҳар ҳол кӯмаки аз дастам омадаро расондам. Баъдан хоҳиш намудам, ки каме дуртар равад, то дарро кушода, ҳамроҳаш каме сӯҳбат кунам. Ҳамин тавр ҳам кард.
Пурсидам: Аз куҷоӣ?
Гуфт: Аз 9-ум киллометр.
Пурсидам: Дар ин рӯзҳо чӣ ҳол доред?
Гуфт: Нони хурдан надорем.
Пурсидам: Агар одамон дарҳояшонро накушоянд, чӣ тавр нонро дарёфт мекунед?
Гуфт: Чанд маротиба аз мағозаи пеши манзиламон нонро қарз мегирифтем. Дигар қарз надода истодааст. Мегӯяд аввал пулҳоямро биёред!
Пурсидам: Вақти дари одамонро дар ин вазъияти хатарнок тақ-тақ кардан,шуморо ҷанг намекунанд?
Гуфт: Не. Аксарият дарро намекушоянд.
Лекин дар мавриди "ҷанг намекунанд" гуфтан, гапи дурӯғ гуфт. Шахсан бо гӯшҳои худам шунидам, ки чӣ тавр ҳамсоязан бо овози баланд, гӯё бо баландгӯяк гап мезада бошад, ба тарафи ҷӯгизан гуфт: "Безор кардед. Дафъ шавед. Рӯзи дароз дарро мекӯбед. Имрӯз 10-маротиба омадед. Ақаллан дар вақти карантин моро ором гузоред. Мо касал нашавем гуфта, кор намеравем. Инаш боз кам буд, ки шумо вирусро хона ба хона тақсим кунед."- гӯён дари хонаашро бо тамоми қувваи дар баданаш буда сахт ба рӯйи ҷугидухтарҳо пӯшид.
Ин масъалаи ҳалталаб аст. Бояд нисбати ин ҳолату мушкилот чораи зарурӣ андешида шавад. Суханони ҳамсоязан сад дар сад дуруст буданд. Ба хотири боз ҳам зиёд паҳн нашудани коронавирус бояд ҳаматарафа эҳтиёт кунем!