1 июн дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор мегардад. Ба ин муносибат мо феҳристи чорабиниҳои ин рӯзро аз шаҳру навоҳии мамлакат гирдоварӣ кардем:
Пагоҳ, соати 18:00 дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд!» барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. “Боғи кӯдакон ва наврасон” дар шафати варзишгоҳи “Спартак” воқеъ аст.
Дар ҷараёни ҳамоиш намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.
Инчунин, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ ба роҳ монда шудааст, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин ид манзури кӯдакон гардонида мешаванд.
Соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба хусус Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ чорабиниҳои гуногун доир карда шуда, аз ҷумла аз 26 май то 1 июни соли 2023 “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” эълон карда шудааст.
Дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “Шукуфаҳои пойтахт”, рӯйнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе “Килки сабз”, мизи мудаввар дар мавзӯи “Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон”, мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии “Патрулони сабз” ва “Нозирони навраси ҳаракати роҳ”, саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пагоҳ, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» таҳти унвони «Насли хушбахти замони Истиқлол» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.
Дар вилояти Хатлон моҳвораи “Як моҳи ҳаёти кӯдакон” эълон гардида, дар ҳамин замина баробари роҳандозӣ шудани силсилачорабиниҳои фарҳангӣ, фароғати ва варзишӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ ҳамчунин тадбирҳои муҳими иҷтимоӣ татбиқ мегарданд.
Пагоҳ, 1-уми июн дар боғи асосии фарҳангу фароғати «Наврӯзгоҳ» (шафати дарёи Сир) бахшида ба ҷашн чорабиниҳо доир мегарданд. Дар ид хонандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, кӯдакони ятим, ғолибони олимпиада ва озмунҳо, Академияи хурди илмҳо иштирок мекунанд.
Тантанаҳои тантанавӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳр соати 8 пагоҳӣ оғоз мешаванд. Ҳамзамон, дар ин рӯз дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат чорабиниҳои фарҳангӣ ва сайрҳои мактабӣ дар боғҳо доир мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки баргузории он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба роҳ монда шудааст.