arzon replenishment
Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлол оғоз ёфтанд
3453

Аз 16-уми июл то 6-уми сентябри соли равон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатиро ба роҳ мондааст.

Чорабиниҳо дар назди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба роҳ монда мешаванд.

Чорабинҳои фарҳангӣ аз соати 19:00 то соати 21:00 гузаронида мешаванд. Сокинон метавонанд ҳамарӯза дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намоянд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД