Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре Радиои Фарҳанг хабар медиҳад, чорабинӣ дар доираи «Маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба мавзӯи «Бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун - нақши бориз ва ҳадафи мақсадноки Пешвои миллат» бахшида шуд.
Дар чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир, Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин Аваз ва аҳли ҳунар иштирок намудаанд.