Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар омӯзгори фаъоли Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадршиносӣ шуданд.
Бино ба иттилои донишгоҳи мазкур, муовини ректор оид ба таълим Гадозода Маҳмадшариф, мудири кафедраи омӯзгории забонҳои Шарқ Нуриддин Султонҳайдаров, мудири кафедраи филологияи Шарқи Наздик Наҷмиддин Солиҳов ва омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Муҳаммадсалим Азизмуродов барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.
- Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамаи омӯзгорони гиромиро барои ноил шудан ба ин дастоварди арзишманд, ки самараи заҳматҳо аст, табрик намуда, барояшон дар ҷодаи илм ва фаъолият комёбиҳои беназирро таманно дорад,- меафзояд манбаъ.