Formula september
Чор қайсингил дар пӯстам коҳ ҷой мекунанд
25.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1197

Вақте ба хонаи шавҳарам қадам гузоштам, шаш қайсингилам ба шавҳар набаромада буданд, вале ба ҳаёти мо дахолат намекарданд. Хусуру хушдоманам маро дӯст медоштанд, шавҳарам бачаи бад набуд, хуллас зиндагии ширин доштам.

Ҳамин тавр, аз байн чанд сол гузашт ва мо соҳиби фарзандони дӯстрӯяк гаштем. Хоҳарони шавҳарам ба шавҳар баромада, аз паси зиндагии худ буданд. Дар хона ман мондаму хусуру хушдоманам ва ҳамсару фарзандонам. Шавҳарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, пиру кампир низ як мавизро ёбанд, ба даҳони набераҳояшон мегузоштанд, аммо...

Намедонам ба ҳаёти ширин ва орому осоиштаи мо чашми бад расид ё тақдир аз азал чунин будааст, ки дар байни як моҳ се қайсингилам хонавайрон шуда, ба хонаи падарашон баргаштанд. Бо баргаштани онҳо ҳаёти осоиштаи мо ба поён расид. Хусурам ба бадбахтии духтаронаш тоб наоварда, ба сактаи қалб гирифтор шуд ва аз олам даргузашт. Баъди маросими чили мӯйсафед духтари чорумаш низ бо се фарзанд хонавайрон шуд. Ғаму дарди духтарони сиёҳбахту набераҳои бепадараш хушдоманамро низ аз пой афтонд. Кампири бечора мудом гӯшаи хилват ҷуста, оби дида мерехт.

Дар хонаи мо ҳатто ҷойи қадамзанӣ ёфт намешуд, чор қайсингилам бо даҳ фарзандашон хонаҳоро пур карда буданд. Зӯри шавҳарам ба таъмин кардани ин оилаи калон намерасид. Мардаки бечораам аламашро аз шароб гирифта, майхора шуд. Вай қасди ҳамаро аз ман гирифта, мурданивор арақ менӯшиду баъд ягон чизро баҳона карда, маро зери мушту лагад мегирифт.

Падарам ҳоли зори маро дида, ба бародаронам фармуданд, ки дар боғи худашон барои мо хона сохта диҳанд. Бечора акаҳоям бо пули худашон дар як муддати кӯтоҳ хонаи зебое сохтанд ва онро ба мо туҳфа карданд. Кӯдаконамонро гирифта, ба манзили нав кӯч бастем.

Падарам, ки корманди бонк ҳастанд, бо мақсади аз майхорагӣ наҷот додани домодашон шавҳарамро ба кор гирифтанд. Гумон доштам, ки акнун аз ғаму дард халос шуда, як луқма нонро бе миннат мехӯрам, вале қайсингилҳоям бо ҳар баҳона биниашонро ба ҳар як кори мо халонда, намемонанд, ки одам барин зиндагӣ кунем. Корашон мудом “мо гушнаву ташна мегардем, ту бошӣ, шоҳдухтар барин ката-ката хӯрда мегардӣ” гӯён, неш задан аст. Метарсам, ки заҳри забони онҳо оқибат хонаи бахти маро низ вайрон мекунад.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ тавр аз қайсингилҳоям халос шавам?

Ш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД